logo

иҷтимоиёт

ФАРХОР. САФИ ҶАВОНМАРДОНИ БАНОМУС ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ

Соҳибкорон ва сокинони деҳаи Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза бахшиданд.  Кумитаи падару модарон якҷо бо хатмкардагон иқдом пеш гирифтанд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 - ро, ки дар он худашон таҳсил намуда, имрӯз фарзандон ва наберагонашон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, таъмиру тармим намоянд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф як миқдор маблағ ҷамъоварӣ намуда, қисмати берунии биноҳои таълимиро рангубор карданд. 15 синфхонаи дарсӣ ва толори варзиш пурра азнавсозӣ шуд.  Аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба муассиса  26 тахтаи синфӣ, барои 150 хонанда мизу курсиҳои нав ва, ҳамчунин, барои  ҳамаи синфхонаҳо шиору овезаҳо тақдим гардид. Иқдоми дигари хатмкардагон ва сокинони деҳа ин  қадрдонӣ намудани хизматҳои шоёни собиқ директори муассиса, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ёраҳмад Бегов мебошад. Нимпайкараи ӯ дар даромадгоҳи мактаб гузошта шуд.
Файзалӣ Қаландаров,  директори муассисаи таълимии мазкур аз дастгирии шогирдон Акбаршо Аҳмадов, аҳли оилаи Маҳмадуллоевҳо, Элмурод Наҷмиддинов, Абдуфаттоҳ Тешаев, Комил Бегов, Абдуғаффор Исломов ва устоҳҳои маҳҳалӣ Аҳлиддини Сафар, Ҳамза Кукиев, бародарон Иброҳимовҳо ва дигар сокинони деҳаи Куҳандиёр, ки саҳми хешро дар ободонии таълимгоҳ гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки бо ҳайати омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба камол расонем ва онҳо дар оянда барои пешрафт ва шукуфои Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
  Маврид ба ёдоварист, ки муассисаи мазкур яке аз мактабҳои намунавӣ дар ноҳия ва вилоят ба ҳисоб меравад. Хонандагони ин даргоҳи илму маърифат дар олимпиадаҳои фаннӣ  ва варзишии ҷумҳурӣ ва берун аз он нақши созгор доранд.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2018    №: 25    Мутолиа карданд: 494

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед