logo

порлумон

ИМТИЁЗ БА ВОРИДОТИ ҲАВОПАЙМО ВА ЛОКОМОТИВУ ВАГОНҲО

Соли 2018 ҷиҳати навсозии техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркашонӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Бо ҳамин мазмун дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ба тасвиб расид.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии он иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур дар доираи татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёт, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва навсозии техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст.
Тоҳир Ҷабборзода, вакили порлумон, зикр кард, ки дар ин замина вобаста ба имтиёзҳои пешбинишуда рушди соҳаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан дар назар дошта шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон беҳтар мегардад, ки дар ин радиф ба кушодашавии хатсайрҳои иловагӣ бо шарикони рушд ва давлатҳои ҳамсоя ва пайдоиши даромадҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
М. САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2018    №: 25    Мутолиа карданд: 538

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед