logo

иқтисод

ЛЕВАКАНТ. ИНТИҚОДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РОҲБАРОНИ МАСЪУЛ

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, рӯзи қабули сайёри шаҳрвандонро имсол аз шаҳри Левакант оғоз кард. Ба хотири дар худи маҳал баррасӣ ва ҳал намудани мушкилоти сокинон ӯро роҳбарони ҳама ташкилоту идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ҳамроҳӣ карданд.
Дар оғоз бонуе бидуни зикри ном ба саъми раиси вилоят расонд, ки бо як гурӯҳ занони ҳунарманд тасмим гирифтаанд, ки коргоҳ - фурӯшгоҳи омода кардани таомҳои миллӣ кушоянд, аммо маблағ надоранд.
 - Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии шахсоне, ки ба афзоиши истеҳсолот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор рағбат доранд, Фонди рушди соҳибкорӣ таъсис додааст. Аммо, азбаски соҳибкорони вилоят, бахусус левакантиҳо, ба фонди мазкур лоиҳаҳои мукаммал пешниҳод карда натавонистанд, маблағҳои барои Хатлонзамин пешбинишуда хеле кам азхуд мешаванд. Соли гузашта аз шаҳри Левакант ба ин фонд ҳамагӣ як лоиҳа манзур шуда буд, ки он ҳам аз ҷониби мутахассисони фонд бо сабаби ноқис будан қабул нагардид, - гуфт раиси вилоят.
Гурӯҳе аз шаҳрвандон арз карданд, ки бинобар нарасидани мавҷ аз тамошои телевизиони “Хатлон” маҳруманд. Ба гуфтаи мутасаддиёни телевизион, сабаби ин ноҷӯрӣ дар насб нашудани фиристандаи рақамӣ ё лоақал аналогӣ барои ин шаҳр будааст. Раиси вилоят ба масъулони идораҳои дахлдори вилоятӣ супориш дод, ки дар кӯтоҳмуддат як лоиҳа оид ба рафъи норасоии фиристандаҳои рақамӣ дар ин шаҳр ва ноҳияҳои сарҳадӣ омода карда, ба шарикони рушди кишвар пешниҳод кунанд.
Бонуи дигаре бе шиносондани худ бо намояндагӣ аз Маркази рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Левакант, ки навтаъсис аст, доир ба фаъолияташон ҳарф зад. Ба қавли ӯ, дар ин ҷо ба ҳар як зани хоҳишманд ҳунарҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва ғайра омӯзонда мешавад.
Бонуи дигар нақл кард, ки дар як коргоҳи атласу адрасбофӣ чандин зани хонанишини бекорро соҳиби ҷойи кор кардаанд. “Мо дар се моҳ 2 ҳазору 700 метр адрас бофтем. Ин нишондиҳандаро боз ҳам зиёд карданием. Ҳарчанд нархи як метр адрас дар бозор 15 сомонист, аммо мо онро арзонтар, яъне 12 сомонӣ мефурӯшем”, - гуфт ӯ.
Раиси вилоят ташаббусҳои бонувони ҳунармандро васф карда, аз рӯзноманигорон хоҳиш кард, ки оид ба фаъолияти эшон ва намои зебою сифати аълои маҳсулоташон гузоришҳои телевизионӣ таҳия кунанд, то занони дигар ҳам дар ҷодаи ҳунармандӣ собитқадам шаванд.
Сипас, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо нигаронӣ аз камбудиҳои соли гузашта роҳбарони идораҳои шаҳрро шадидан интиқод кард. Зикр шуд, ки бинобар иҷро нашудани нақшаи ду навъи андоз ба буҷети шаҳр 840 ҳазор сомонӣ ворид нашуд. Бақияпулиҳо ҳам афзуданд. Бинобар истеҳсоли нокифояи картошка ва полизӣ суръати афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ёфтааст. Ва ин дар ҳолест, ки шумораи аҳолӣ 4 дарсад бештар гардида, талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шудааст. Дар қиёс ба сатҳи миёнаи вилоят истеҳсоли моҳӣ низ дар шаҳри Левакант бамаротиб коҳиш ёфтааст. Бинобар пардохт накардани маблағи истифодаи неруи барқ қарздорӣ ба 23 миллион сомонӣ расидааст. Соли гузашта аз ҷониби занон 8, ҷавонон 40 ва ноболиғон 6 ҷиноят содир шудааст, ки дар қиёс ба соли 2016 зиёд аст. Дар ҳамин ҳол, аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҳудуди шаҳр содиршуда, ки 105 ҳолатро ташкил медиҳад, ҳамагӣ 3 дарсадашон кушода шудааст. Соли гузашта 20 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар қиёс ба соли 2016 панҷ ҳолат зиёд аст. Аз ин ҳисоб, мувофиқи таҳлилҳо, 10 кӯдак аз падар ё модар зиндаҷудо шудаанд. Прокуратураи шаҳри Левакант ба панҷ қарори раиси шаҳр бинобар мутобиқат накарданашон ба қонунгузории ҷумҳурӣ эътирози прокурорӣ содир кардааст.
Дар маҷмӯъ, азбаски ҷавобҳо мубҳам ва таҳлилҳо равшан набуданд, раиси вилоят қаноатманд нашуд. Биноан, ӯ аз раиси шаҳр ва дигар масъулон қатъиян талаб кард, ки дар иҷрои вазифаҳои хидматиашон масъулиятшинос бошанд ва мушкилоти шаҳрвандонро сари вақт ҳал кунанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2018    №: 25    Мутолиа карданд: 553
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед