logo

Хабарҳо

ҶОИ КОР. Семинари омӯзишӣ дар Хатлон

Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин семинари омӯзишии вилоятӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва иттифоқҳои касабаи ташкилоту муассисаҳо иштирок карданд.
Баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод, бақайдгирии шаҳрвандони бекор, бо кор таъмин намудани сокинон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мавзӯъҳои асосии семинар қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки соли гузашта аз тарафи раёсат, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз 34133 корҷӯи ба мақомоти агентӣ муроҷиаткарда 18352 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд.
Ба 4370 нафар кумакпулӣ таъйин гардид, ки маблағи умумии он 2,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, 5845 нафар барои гирифтани ихтисосҳои гуногун ба курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат роҳхат гирифтанд.
Барои бо кор таъмин намудани бонувон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар коргоҳҳо 27 таҷҳизоти калони қолинбофӣ насб гардид. Ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ба 1015 нафар қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ дода шуд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 207

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед