logo

Хабарҳо

АГЕНТӢ. 20 тонна маводи нашъаовар ба коми оташ рафт

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар соли 2017 дар натиҷаи амалиёти муштарак 4 тонаю 448 килограмм маводи нашъаоварро аз муомилоти ғайриқонунӣ бароварданд.
Дар ҳоли мусодира нашудан ин миқдори калони маводи мухаддир метавонист хатари ҷони ҳазорҳо нафар гардад. Ҳамчунин, дар ин давра 237 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи номбурда ошкор карда шуд. Рақами мазкур далели торафт ҳадафрастар шудани фаъолияти ниҳод мебошад, зеро назар ба соли пешӣ 73 дарсад ё 100 ҳодиса бештар аст. Тавре муовини директори агентӣ Муртазо Ҳайдарзода таъкид дошт, дар натиҷаи ошкорсозии қонуншиканӣ 289 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, онҳо ба маблағи зиёда аз 275 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
Ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар хати сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон низ натиҷаҳои хуб овард. Аз ҷумла, тавассути 13 амалиёти муштарак қариб 300 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шуд. Инчунин, фаъолияти 7 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ қатъ гардид.
Чанде пеш дар агентӣ зиёда аз 341 килограмм маводи нашъаоварро аз рӯи 28 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, бо роҳи сӯзондан нобуд карданд. Дар давоми соли гузашта бошад, ин теъдод ба 2329 килограмм  расид. Агар ҳаждаҳ соли охирро гирем, пас беш аз 20 тонна маводи марговар  сӯзонда шуд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 258

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед