logo

Хабарҳо

ҶДММ "ПАКРУТ". 2 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин мешавад

Дар соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи металлҳои ранга ва фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶДММ «Пакрут» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ин матлаб дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  аз ҷониби Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kryso Resources Limited» ва  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут» ба вакилони порлумон ироа гардид.
Мавсуф зикр кард, ки созишномаи мазкур бо қарори Ҳукумати кишвар  аз 25 феврали 2017 маъқул дониста шуда, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба имзо расидааст. Тибқи созишнома сохтмон ва истифодабарии кони маъдан, ба роҳ мондани фаъолияти босамари фабрикаи ғанигардонӣ дар марҳилаи якум коркарди маъдан бо иқтидори 660 ҳазор тонна дар як сол, инчунин, беҳтарсозии инфрасохтори роҳ, иншооти муҳандисӣ ва дигар корҳо ба сомон расонда мешавад. Дар маҷмӯъ барои татбиқи созишномаи мазкур ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 150 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Дар корхонаҳои номбурда дар маҷмӯъ 600 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аз ин шумора 480 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва 120 нафар мутахассис аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Ҳангоми фаъолияти пурраи корхонаҳои мазкур дар назар аст, ки 2 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шавад.
Фаррух Ҳамрализода зикр кард, ки муҳлати амалисозии созишномаи мазкур 10 солро дар бар гирифта, татбиқи он ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, воридоти техника ва технологияи нав, бунёди инфрасохтори замонавӣ, рушди истеҳсолот, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, воридоти маблағҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 264

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед