Хабарҳо
ДДЗТ. Роҳандозии таҳсили фосилавӣ
- Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар нимсолаи аввал 51 донишҷӯро барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷопон, Олмон, ИМА, Ҳиндустон, Индонезия, Қазоқистон ва Қирғизистон фиристод, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода.
Мақсад аз ин тадбир дар табодули таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён арзёбӣ шуд. Зикр гардид, ки дар ин давра донишкада шуъбаи нави таҳсилоти фосилавиро аз рӯи 5 ихтисос таъсис дод. Маҳмадулло Раҷабзода гуфт, ки ин шакли муосири таҳсил барои шаҳрвандон мувофиқ ва дастрас аст. Зеро донишҷӯ имкон дорад фосилавӣ, яъне дар хона нишаста ва ҳатто берун аз кишвар бо истифода аз интернет таҳсил намояд.
Ректор аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзан хатм-кунандагоне, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ таҳсилро анҷом додаанд, ба ҷои тибқи тақсимот таъйиншуда ҳозир намешаванд.
Таъкид гашт, ки аз шумораи умумии нафароне, ки аз ҳисоби буҷет таҳсил карданд, 5 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир нашуданд. Ба ин хотир, донишкада тасмим гирифтааст, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 297