logo

иҷтимоиёт

ЧЕҲРАИ МИЛЛӢ. САЙФ РАҲИМЗОДИ АФАРДИРО КӢ КУШТ ВА ЧАРО?

Кишварҳо, миллатҳо ва ҷомеаҳо аслан бо афкору андешаи як дарсади аҳолии хеш пешрафтаву ба дастовардҳо ноил мегарданд. Зеро ҷаҳони мутамаддин барои расидан ба саодати комил аз мо идроку афкор, андешаву маҳорат, заҳмату зеҳниятро тақозо менамояд ва ҳамагуна саодати инсонӣ дар ин шартҳо нуҳуфтааст.
Сайф Раҳимзоди Афардӣ. Шахсияте, ки дар замони карахтиҳои идеологӣ фикри бикр, андешаи ҷадид, афкори рангин, инқилоби фикрию ботинӣ дар зеҳну калому андешааш ҷӯш мезад. Ӯ мисли нобиғаҳои Аврупо литсею академияҳои хоссаи илмию фалсафиро хатм накарда, аз рӯзгори мардум набуридаву дар ҷаҳони дигар зиндагӣ ихтиёр накардааст. Мутаваллиди деҳаи Афарди ноҳияи Балҷувон (20.11.1953) ва таълимгирифтаи макотиби ҳамагонии ноҳияи Фархор мебошад.
Зиндагиаш бо калому ҳунар пайваста буд ва асоси ҳунару эҷодиёти ӯро зиндагии халқ ташкил медод. Ӯ нобиғаи мардумии кишвари худ буд.
Соли 1975 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1981 фаъолият кард. Аз соли 1981 то соли 1982 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа намудааст. Баъд аз бозгашт ба Ватан ба ҳайси хабарнигор ва баъдан ба сифати мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (имрӯза “Ҷумҳурият”) кор кардааст. Таҷрибаи бой ва ҷаҳонбинии баланди Сайф боис мешавад, ки ӯро бори дигар ба Афғонистон даъват намоянд ва то соли 1988 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон буд. Дар ин давра навтарин услуби кори хабарнигорӣ, таҳиягарӣ, коргардонӣ, сенариянависӣ ва эҷоди осори бадеиро аз худ кард.
Баъди бозгашт ба кишвар то соли 1995 дар зинаҳои гуногуни идораи «Тоҷиккино» фаъолият намуда, аз соли 1995 то соли 1997 раиси киновидеокомпанияи миллии «Тоҷиккино» буд. Аз соли 1997 то охири умр вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Дар ин муддат бузургтарин ва зеботарин лавҳаву намоишҳоро аз зиндагии мардуми рустои кишвар ба навор бардошт. Бо фалсафаи ботинӣ, бо диди эҷодӣ ва навгониҳои зеҳнии худ нишон дод, ки мардуми рустои Тоҷикистон табиатро чун фарзанд дӯст медоранд ва атфоли худро ба оғӯши табиат месупоранд. Ин фалсафа дар лавҳаи «Чоре ва Пете» бисёр гуворо нишон дода шудааст. Зеро ӯ дар ин намоишҳо нишон медиҳад, ки чигуна аз сафедори баланд гаҳвора метарошанд ва тифли навзодро ба оғӯши гаҳвора мегузоранд.
Сайф Раҳимзод дар ҳама давру замон каломи дили худро буғӣ накард. Ноадолатиҳои дидаашро ҳаргиз пинҳон надошт. Мушкили миллат ва кишварашро чун мушкили фарзандони худ қабул ва ҳазм мекард. Нагузошт, ки сарнавишти миллаташ пушти парда бимонад ва афкору андешаву ҳайсияташ гулугираш кунанд. Ӯ дар назди виҷдони худ пок буд. Зеро дар замони шиддатнокии режими коммунистӣ, дар эҷодиёти хеш аз ҳаққи мардум дифоъ кард. Фиғон кашид, даст афшонд, дод гуфт, ки «боздоред», «ИСТЕД!!! Тайёраҳоятон ба ҷойи пахтазоратон, ки манбаи сарвати шумост, болои фарзандони мардуми заҳматкашу мазлум доруҳои кимиёӣ мепошанд». «Истед. Бачаҳои мардумро чаро барои манофеи сиёсии худ ба майдони куштори инсонҳо дар Афғонистон мепартоед?» Хомӯш набуд. Садо мекашид. Дам фурӯ намебаст. Ӯ фарзанди меҳани худ буд.
Бо расидани пайки Истиқлолияти давлатӣ худро ба сафи созандагони Ватан зад. Истиқлолияти кишварашро бо баҳои ҷон пазируфт. Зидди ҷангу хушунату хунрезӣ буд. Ҳамеша аз иттиҳоду ҳамдилии миллат мегуфт. То замони устод Сайф, телевизиони тоҷик на фалсафаи созандагӣ, балки майдони намоиши “чеҳра” - ҳо буд. Ҳар силоҳдору маснаднишин имкони намоиши худро дар телевизиони давлатӣ дошт. Ҳатто аз телевизиони давлатӣ таваллуди тифле аз хонадони кадом як силоҳдор намоиш дода мешуд. Ё афкору таблиғоти бепардаи кишварҳои дигар дар телевизиони Тоҷикистон рӯи эфир буд. Вале Сайф, сайфона ин афкору аъмолро бурид. Ӯ телевизиони тоҷикро моли миллат ва афкори миллии тоҷикиро ба ҷойи сухану калому лаҳҷаҳои бегона ба мардуми кишвар таблиғ намуд. Намегузошт, ки телевизиони тоҷик қуттии таблиғоти охундӣ ва идеологияи террористӣ бошад. Ӯ мехост, ки телевизиони тоҷик барои давлату миллати тоҷик хизмат кунад.
Аммо ин аъмолу афкори Сайф барои иддае аз фирефташудаву фурӯхташудаҳо созгору писандида набуд. Ӯро ба дом афтонда ҳам нашуд. На бо афкор, на бо атвор ва на бо сарвату савлат. Сайф мани худро дошт. Мани ӯ, мои миллат буд. Вале душманону хоинон ва ғосибони миллат, чун ӯро рӯҳан мутеъ ва бартараф карда натавонистанд, шаби 20 ноябри соли 2000 дар даромадгоҳи манзили истиқоматияш ҳадафи тири разилонаи хеш қарор доданд.
Марги Сайф барои солҳои тӯлонӣ чун муаммо боқӣ монд. Вале дар соли 2017 натиҷаи таҳқиқоту таҳлилҳо ва корҳои оперативию ҷустуҷӯӣ нишон дод, ки Сайф Раҳимзоди Афардӣ ҳадафи тири идеологӣ ва геополитикӣ шудаву аз ҷониби ташкилоти экстремистӣ - террористии “ҲНИТ” бо супориши махсус кушта шудааст.
Суоли аслӣ ин аст, ки чаро ТЭТ “ҲНИТ” Сайф Раҳимзодро, ки як чеҳраи миллӣ – дунявӣ ва тафаккури ҷаҳонӣ дошт, дида натавонист? Сайф силоҳ надошт, сарват надошт, бӯстонсарову корхонаҳои азим надошт. Сайф Раҳимзоди Афардӣ чӣ дошт, ки мояи нигаронии наҳзатиён шуду онҳоро ором намонд? Зиёд андеша кардаву ба чунин хулоса омадам, ки Сайф андеша дошт. Андешае, ки он дар мағзи 99 дарсади аҳолӣ буда наметавонад. Маълум мешавад, ки қотилон дарк намуданд, ки Сайф аз он нафароне буд, ки метавонист, бо ин иддаи фурӯхташуда муборизаи идеологӣ барад ва онҳоро дар набардҳои зеҳнӣ шикаст бидиҳад. ТЭТ “ҲНИТ” Сайфро барои кори худашон ва барои аҳдофи худашон монеа медид. Девора медиданд. Деворае, ки бо зарбаву фишор фурӯ намеравад. Пас Сайфро қотилон аз нотавонии худ ва аз нодонии худ ба қатл расонданд.
Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз соли 1980, замоне ки ҳатто 30 сол ҳам надошт, бо нашри маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номи «Гунҷишки сафед» шинохта шуда буд. Аз ӯ асарҳои зиёди адабию публитсистӣ, филмномаву намоишномаҳои телевизионӣ ва дигар шоҳкориҳои таърихӣ ба мерос мондааст. Маҷмӯаҳои қиссаву ҳикояҳои «Азёдҳо, аз ёдҳо», «Дурӯғи сафед», «Васвасаҳои Зикравайҳ», «Падруду пайғом», «Доғҳои Офтоб», «Ситораҳои сари танӯр», «Ҳарф бизан, Поизам», «Чоре», «Пете» ва даҳҳои дигар аз зумраи осори мондагори ӯ мебошанд.
Акнун суоли дигарро матраҳ мекунем, ки то имрӯз аз Сайф дунёи афкори рангину андешаҳои солим ба мерос мондаву моли миллат маҳсуб мешаванд, вале аз наҳзатиёни хоин чӣ ба мерос мондааст? Ҷуз қатлу куштору ғорату даҳшату нафрат?!!
Искандари АЙЮБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 26    Мутолиа карданд: 738

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед