logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ БА ВАЗЪИ ИҶТИМОӢ БАРАКАТ МЕОРАД

Ҳар як халқу миллат дорои одату анъанаҳои хосса мебошад, ки он як унсури фарҳанги ниёгони ӯст. Зеро анъанаю маросимҳо табиатан аз ибтидои таърих миёни ҷомеа ба вуҷуд омадаю дар давраҳои минбаъда ташаккул ёфтааст.  Ва яке аз унсурҳои асосии фарҳанги халқи тоҷик ин ҷашну маросимҳои гуногун мебошад, ки чун анъана то замони мо боқӣ мондааст.
Умуман ҳама гуна анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Бинобар ноогоҳию зоҳирпарастии бархе аз шаҳрвандон тайи солҳои охир маъракаҳои серхароҷоту берун аз меъёри маросимҳои миллӣ баргузор мегаштанд, ки барои дигарон бори сангинеро эҷод менамуданд. Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузарондани тӯю маъракаҳо сабаби исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, маросимҳои дафну азодориро  бошад, ба бори гарони зиндагӣ табдил додаанд.
Пешвои миллат ҳамчун роҳбари мушфиқу ғамхор барои таъмини зиндагии осудаю шоистаи мардум тамоми чораҳои заруриро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар вохӯрӣ ва машваратҳо намуда, ба хулосае омаданд, ки бояд ҳар чи зудтар пеши роҳи хурофотпарастиҳо гирифта шавад. Чи тавре ки худи Сарвари кишвар қайд намуда буданд: «… То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳи назаррас ноил шуда наметавонем». Ҳамчунин, таҳлилҳо нишон дод, ки Тоҷикистон воқеан ба қабули қонуни махсус роҷеъ ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ниёз дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ваколати дар моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда истифода намуда, ҳамчун субъекти ташаббуси қонунгузорӣ ва бо дастгирии мардум дар санаи 8 июни соли 2007 ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 боб ва 16 модда иборат мебошад, муваффақ шудаанд.
Вазифаи қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамзамон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2007 дар доираи сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди махсусе бо номи «Раёсат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфт. Ба ғайр аз раёсати зикршуда дар маҳалҳо низ комиссияҳои ҷамъиятӣ доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ташкил шуданд.
Ин ва дигар чорабиниҳои ҳуқуқию ташкилӣ василаи беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини кишвар буда, ибтидои таҳаввули афкор аст, ки дар озодшавии мардум аз хурофот, одатҳои нолозим ва анъанаҳои нораво мебошад.
Мастура ХОЛОНОВА,
омӯзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқи гимназияи № 53 
ба номи М. Маҳмудова, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 26    Мутолиа карданд: 284

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед