logo

иқтисод

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. МУШКИЛЕ НЕСТ, КИ ОСОН НАШАВАД!

Мӯсо ҒАФУРЗОДА,  
раиси ноҳияи Восеъ

Ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Восеъ давоми соли 2017 нишон медиҳад, ки заҳматкашони ноҳия дастуру супориш ва вазифаҳои пешгузоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.
Яке аз масъалаҳои асосӣ, ки ба таъмини рушди бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ роҳ мекушояд, тараққӣ додани истеҳсолот, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранок истифода намудани замин, воситаҳои истеҳсолӣ ва захираю имкониятҳои мавҷуда мебошад.
Соли гузашта иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 100,9 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 29 миллиону 320,1 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 3 миллион сомонӣ зиёд аст.
Айни замон дар ноҳия 623 шахси ҳуқуқӣ ва 4534 соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла 1356 нафар аз рӯи патент, 425 нафар бо шаҳодатнома ва 2753 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд.
Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба буҷети маҳаллӣ зиёда аз 77 миллион сомонӣ ворид гардид, ки иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллиро 99 дарсад таъмин намуд.
Ҷиҳати дарёфти ҷои кори мувофиқ аз тарафи шуъбаи ноҳиявии агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 12 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд, ки дар онҳо 113 корҷӯ соҳиби ҷои кори доимӣ ва 202 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.
Имрӯзҳо дар ноҳия 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст. Дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳоти 9 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар ноҳияи Восеъ амалӣ гардид, зерлоиҳаҳои сохтмони гармхонаи таҷрибавӣ - истеҳсолӣ дар Ҷамоати деҳоти Тугарак ба маблағи 36273, «Харидории экскаватор барои Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов» ба маблағи 47550, «Таъмири акведук дар Ҷамоати деҳоти ба номи А. Авазов» ба маблағи 53845, сохтмони 2 сехи мевахушккунӣ дар деҳаҳои Навобод ва Ибрати Ҷамоати деҳоти Тугарак ба маблағи 38843, «Рушди занбӯриасалпарварӣ ва истеҳсоли асал бо ҷалби занон аз оилаҳои камбизоат» ба маблағи 18100 доллари амрикоӣ татбиқ гардида, сохтмони 4 гармхонаи таҷрибавӣ – истеҳсолӣ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи М. Вайсов, М. Маҳмадалиев ва А. Авазов ба маблағи умумии 61222 доллари амрикоӣ дастгирӣ ёфт.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба беш аз 710 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли пешӣ 40 миллион сомонӣ зиёд аст. Кишоварзони ноҳия ба хориҷи кишвар 1820 тонна сабзавот содир намуданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 86 миллиону 763,2 ҳазор сомонӣ расонда шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 10 дарсадро ташкил дод.
Корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 109 миллион сомонӣ иҷро гардидаанд, ки нисбати соли пешӣ ба андозаи 23 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи А. Авазов аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ як майдончаи варзишии футболи хурд, дар деҳаи Селбури Ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев нуқтаҳои таъмири мошинҳо, фурӯши сӯзишворӣ, гӯшаи деҳқон, марказҳои хизматрасонии бозиҳои теннис, билярд ва ҷой барои бозии кӯдакон сохта ба истифода дода шуд. Дар деҳаҳои Кадучӣ, Чорбоғ ва Баҳористони Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов соҳибкорон 8 мағозаи тиҷоратӣ ва дукон сохта, 4 таҷҳизоти хиштрезӣ насб карданд ва 31 нафарро бо ҷойи кор таъмин намуданд.
Дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта ба маблағи 166 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири ҷорӣ сурат гирифтанд.
Мушкилоти чандинсолаи таъмирталабии биноҳои муассисаи фарҳангии деҳот то андозае ҳал гардид. Бинои 6 китобхона дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот таъмиру азнавсозӣ шуда, бунёди китобхона дар ҷамоатҳои деҳоти Гулистону Тугарак идома дорад. Вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 таъсиси осорхонаи кишваршиносии Ғелот, корхонаи хонагии таъмири асбобҳои зарбӣ бо номи "Доира", таҳия ва чопи китоби фарогири мавзеъҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ, беҳтарин шахсиятҳои фарҳанг ва буклети ранга барои дуконҳои "Армуғон"- и ноҳия аллакай оғоз шудааст.
Дар ҳудуди ноҳия мавзеъҳои таърихӣ ба монанди Қалъаи Ҳулбук, шаҳри қадимаи Манзартеппа, ҳавзи Қайнар, кӯҳи Хоҷамуъмин зиёданд. Соли 2017 ба маҷмааи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» 5037 меҳмон, аз ҷумла 371 меҳмони хориҷӣ, ташриф овард.
Дар ноҳия барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ захираю имкониятҳо зиёданд. Истифодаи самараноки онҳо, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як сокини ноҳия вобаста мебошад. Итминони комил дорем, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияи Восеъ минбаъд низ бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 26    Мутолиа карданд: 273

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед