logo

суханрониҳо

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, шаҳри Душанбе, 1 феврали соли 2018

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумон ва ҷанобон!
Мулоқоти имрӯзаи мо дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Шарипович Жээнбеков ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Мо дар заминаи принсипҳои бунёдии ҳамҷавории нек ва ҳамсони манфиатҳо тамоми маҷмӯи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намудем.
Боиси зикр аст, ки сафари муҳтарам Сооронбой Шарипович дар соли таҷлили 25-умин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни давлатҳоямон сурат мегирад. Тайи ин давра муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамаи самтҳои калидии ҳамкорӣ тамоюли мусбати рушдро соҳиб гардид.
Барои тақвияти минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, дар масъалаҳои амниятӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн заминаҳои ҷиддӣ фароҳам оварда шудаанд. Заминаи шартномавию ҳуқуқии устувори муносибатҳои дуҷониба, ки беш аз 85 ҳуҷҷатро ташкил медиҳад, фароҳам гардидааст. Механизмҳои зарурии дуҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ ташкил шудаанд.
Натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ бори дигар ҳавасмандии ҷонибҳоро ба таҳкими ҳамаҷонибаи натиҷаҳои то имрӯз бадастомада бо истифода аз намунаҳои нави амалӣ тасдиқ намуданд.
Дар ин замина мехостам аҳамияти бастаи санадҳои ҳамкории дуҷонибаи нав баимзорасидаро зикр намоям. Мо бо муҳтарам Сооронбой Шарипович оид ба муҳимияти идома додани муколамаи сиёсии доимӣ дар ҳамаи сатҳҳо ҳамфикр будем. Мо, инчунин, оид ба пурра истифода бурдани он иқтидори бузурге, ки дар муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон мавҷуд аст, изҳори андеша намудем.
Ҳамзамон зарурати таҳкими бахши иқтисодии шарикии мо дар заминаи дарозмуддат таъкид карда шуд. Ҳаҷми гардиши мол байни давлатҳоямон соли гузашта тақрибан ду баробар афзуд. Барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодиамон захираҳои назаррас мавҷуданд. Имкониятҳои тиҷорати наздисарҳадӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва ҳамкорӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ пурра истифода нагардидаанд. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, инчунин, истеҳсоли маводи сохтмон ва бахши аграрӣ ояндадор арзёбӣ гардид. Мо ҳамчун давлатҳои болоии ҳавзаи дарёҳои минтақа ба муҳимияти истифодаи самарабахши захираҳои обию гидроэнергетикӣ ишора намудем.
Мо аҳамияти талошҳои минбаъдаро оид ба пешбурди лоиҳаи бузурги минтақавӣ - CASA-1000, ки бозорҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба ҳам мепайвандад, зикр намудем.
Мутмаинам, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо миёни давлатҳои ин минтақаҳо дар дигар соҳаҳо низ мусоидат мекунад.
Мо, инчунин, доир ба истифодаи самарабахштари имкониятҳои транзитию нақлиётии ҳамдигар ҳамчун омили рушди устувори иқтисодиёти ду давлат ва дар маҷмӯъ дар минтақа изҳори андеша намудем. Тавсеаи минбаъдаи долонҳои нақлиётии байнидавлатӣ тавассути таҷдиди роҳҳои мошингард ва сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан ҳамчун қадами мутақобилан судманд эътироф гардид.
Мо бо дарназардошти пешбурди минбаъдаи самтҳои ҳамкории ишорашуда аҳамияти нигоҳ доштани фаъолнокии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро ҳамчун механизми муҳими рушди шарикии бисёрҷонибаамон зикр намудем.
Масъалаҳои барасмиятдарории ҳуқуқии хати сарҳади давлатӣ дар муносибатҳои байнидавлатиамон муҳимтар ба шумор мераванд.
Мо майли қатъии худро дар самти идома додани корҳо оид ба мувофиқа намудани минтақаҳои боқимонда дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ тасдиқ намудем.
Мо зимни музокирот дар вазъияти эътимодомез доир ба доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намудем.
Таҳкими сулҳу субот, фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ самтҳои асосии ҷонибҳо дар доираи фаъолияти сиёсати хориҷиашон ба шумор мераванд. Ин, ҳамзамон, барои ҳамкории зичи минбаъда дар доираи сохторҳои ҳамкории бисёрҷонибаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ заминаи мусоид ба шумор меравад.
Мо зарурати рушди минбаъдаи ҳамкориро дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар чолишҳо, инчунин, таҳдидҳои амнияти байналмилалӣ зикр намудем.
Мо дар доираи баррасии масъалаҳои марбут ба рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардем ва ҷонибдории худро ба ҳадафҳои таъмини сулҳу субот дар ин кишвари ҳамҷавор тасдиқ намудем.
Дар доираи сафар оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва баланд бардоштани сифати он дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ, аз ҷумла дар самти илму маориф ва тандурустӣ қаноатмандии ҷонибҳо изҳор карда шуд.
Мутмаинем, ки шарикии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ бемайлон ба манфиати давлатҳоямон ва тамоми минтақа рушд мекунад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 26    Мутолиа карданд: 545

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед