logo

иҷтимоиёт

ДУНЁИ КӮДАКОН. ОНРО ЗАҲРОЛУД НАСОЗЕМ!

Таҷрибаи омӯзгорон ва тадқиқоти олимон нишон медиҳанд, ки  дар рушди иҷтимоӣ ва ташаккули шахсияти кӯдак бозӣ нақши муҳим дорад. Он яке аз масъалаҳои гуногунҷанбаи психологияи бачагона ва педагогикаи томактабӣ буда, намудҳо, мазмун ва хусусиятҳои ба худ хоси таълиму тарбиявӣ дорад.
Доктори илмҳои педагогика, профессор Бибиҳафиза Маҷидова дар китобӣ худ “Фаъолиятҳои кӯдакон’’ қайд намудааст, ки бозичаҳо мешаванд сюжетӣ - образнок, дидактикӣ - таълимӣ, техникӣ, сохтмонӣ ва конструкторҳо, варзишӣ, мусиқӣ, саҳнавикардашуда, дилхушкунанда ва бозичаҳои дастсохт. Имрӯз кӯдакони мо бештар аз бозичаҳои дастсохт истифода мебаранд, ки аз тарафи худи кӯдак бо мададу дастгирии мураббия ва волидон сохта мешаванд. Бозичаҳои дастсохтро меҳнати бадеӣ - эҷодкории кӯдакон номидан мумкин аст, ки дар рафти он аз маводи гуногун - коғаз, ширеш, картон, матоъ, сӯзан, ресмон, пенопласт, тугма, маводи нимпартов - қуттичаҳои холишудаи гӯгирд, атриёт, маводи табиӣ - хас, донагиҳо, шохчаҳои дарахтон, лой ва ғайраҳо истифода бурда мешаванд. Ҳангоми сохтани бозичаҳои дастсохт кӯдакон тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнӣ, маҳорату малакаҳои худро истифода бурда, аз натиҷаи кори худ қаноатманд мегарданд, аз он ифтихор менамоянд ва кӯшиш мекунанд ба маҳсули дасти худ эҳтиёткорона муносибат намоянд. Бозичаҳо ифодагари маишат, тарзи зиндагӣ,  урфу одат, фарҳанг ва психологияи халқ мебошад. Масалан, бозичаҳои халқҳои Осиёи Ҷанубӣ, Африқо симои ҷину аҷинаҳо, худоҳо ва ҳодисаҳоро ифода мекунанд, ки мардум ба онҳо саҷда мекарданд. Дар халқҳои Сибир ва Шарқи Дур, ки ҳавои хунук, зимистони тӯлонӣ ба онҳо хос аст, бозичаҳои кӯдаконро тӯри моҳидорӣ, қапқон барои шикори ҳайвонҳо ташкил мекунад. Мутаассифона, имрӯз корхонаи ватании истеҳсоли бозича вуҷуд надорад. Бозичаҳо имрӯз аз хориҷи кишвар бо нархи гарон ба кишвари мо ворид мегарданд ва мо маҷбур мешавем, ки онро барои кӯдаконамон харидорӣ намоем. Боз ҷойи  таассуф аст, ки на ҳамаи бозичаҳои замонавӣ ҷанбаи инсондӯстӣ, тарбиявӣ ва таълимӣ доранд. Имрӯз дар бозору мағоза бештар номгӯи зиёди бозичаҳои ҳарбиро дидан мумкин аст, ки онҳо образи техникаи ҳарбӣ, яроқу аслиҳаро дар худ таҷассум мекунанд. Ин бозичаҳо бештар таваҷҷуҳи писарчаҳоро ба худ ҷалб намуда, сабаби ба вуҷуд омадани бозиҳо дар мавзуъҳои ҷанг, задухӯрду муҳорибаҳо мегарданд, зӯроварӣ, бархӯрдҳои нораворо таблиғ менамоянд ва сабаби аз хурдсолӣ бавуҷудомадани ҳисси  зӯроварию бераҳмӣ дар кӯдакон шуда метавонанд. Дар даҳсолаи охир  бозичаҳои электронӣ бо истифодаи микропротсессор, фитаҳо, дискҳо дар компютер, бозӣ бо воситаи телефонҳои мобилӣ ба вуҷуд омаданд. Албатта, ин самт идома хоҳад ёфт, чунки асри XXI  асри рушди воситаи техникаи иттилоотӣ ва иртиботӣ аст. Лекин истифодабарии онҳо бояд ба хусусиятҳои синнусолӣ ва равонию ҷисмонии кӯдакон мувофиқат намояд. Ёрмаҳмад Тӯраев, мудири кафедраи назария ва методикаи таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ,  ин масъаларо яке аз мавзӯъҳои мубрами рӯз дониста, аз ҷумла қайд намуд, ки вобаста ба синну соли кӯдак бояд тарзе бозичаҳоро интихоб намоем, ки ҷиҳати равонии кӯдак ташаккул ёбад. Айни замон, бархе аз бозичаҳое, ки  дар фурӯшанд, ба зарари  кӯдаконанд. “Мо кӯдакони худро аз хурдӣ миёншикан мекунем бо ҳамин бозичаҳое, ки ба синну соли онҳо вобаста нест ва аз ҷиҳати сифату сохт ба талабот ҷавобгӯ нестанд, - мегӯяд Ё. Тӯраев.
Малоҳат ХОЛМУРОДОВА,
донишҷӯи ДДОТ ба номи С. Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2018    №: 27    Мутолиа карданд: 352

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед