logo

иқтисод

МЕВАЮ САБЗАВОТ. ҲОСИЛ ФАРОВОНУ ДАРОМАД КАМ, ЧАРО?

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли  индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода  аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад».
Кишвари мо сарзамини пур аз ганҷ буда, ба роҳ мондани коркарди сарватҳои зеризаминӣ ба иқтисодиёти мамлакат даромади зиёд хоҳад овард. Ду - се  соли охир истеҳсоли ангишту семент дар ҷумҳурӣ зиёд шуд, ки манфиати онро эҳсос мекунем. Дар пайи ғамхории Сарвари давлат ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нави энергетикӣ маҳдудияти неруи барқ дар  мамлакат аз байн рафт. Сементи ватанӣ ба кишварҳои ҳамсоя содир мешавад. Дар қаъри замини Тоҷикистон  конҳои канданиҳои фоиданок зиёданд. Агар онҳо босамар истифода шаванд ҳам ҷойи корӣ фаровон ва ҳам маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд мегардад.
Президенти мамлакат дар хусуси захираҳои истифоданашудаи соҳаи кишоварзӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки  сарфи назар аз  талаботи зиёди шарикони асосии тиҷоратиамон ба меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ  тозаи мо, имкониятҳои мавҷуда дар самти коркард, бандубаст ва содироти онҳо таври зарурӣ истифода нашудаанд ва сохтору мақомоти марбута дар ҳалли ин масъала бояд  мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Таҷрибаи бунёди гармхонаҳо нишон дод, ки дар Тоҷикистон, алалхусус вилояти Хатлон, бо андак маблағгузорӣ дар зимистон парвариши сабзавотро  ба роҳ мондан мумкин аст. Мутаассифона, қисми зиёди соҳибкорон ҳанӯз моҳияти бунёди гармхонаро пурра  дарк накардаанд. Бунёди гармхона хароҷоташро зуд ҷуброн менамояд. Маҳсулоти тайёрро бе миёнарав метавон ба бозори дохилӣ ворид намуд  ё ба Қазоқистону Федератсияи Русия содир кард.
Зимистони ҷануби Тоҷикистон офтобию камбориш буда, бо андак гармидиҳии шабона ҳароратро дар гармхона муътадил нигоҳ доштан мумкин аст. Барои бунёди гармхона ноҳияҳои Шаҳритузу Носири Хусрав, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Ҷайҳун ва Фархор  ояндадоранд.
Бисёр хоҷагиҳо дар мавсими гармӣ ҳосили баланди меваю сабзавот мерӯёнанд, вале аз сабаби набудани  сардхонаҳо як қисми ҳосил талаф меёбад. Пешвои миллат дар ин хусус таъкид намуданд: «Бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд намудани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, марказҳои логистикӣ ва сардхонаҳо, инчунин, беҳтар намудани  корҳои  бозорёбӣ (маркетинг) низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошанд».
Амалишавии ин ҳадафҳо боиси фаровонии меваю сабзавот дар чор фасли сол ва беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат хоҳад гашт.
Бахтовар ДАВЛАТОВ,
устоди Донишкадаи молия ва иқтисод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2018    №: 27    Мутолиа карданд: 334

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед