Хабарҳо
ДИТ. БОНУВОН ДАР ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ САҲМ МЕГУЗОРАНД
Дар назди парки технологии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Маркази ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешавад. Дар ин бора ректори донишкада Тоҷиддин Асомуддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин, зикр гашт, ки дар марказ курсҳои семоҳаи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда мешаванд. Ба ҷуз аз донишҷӯдухтарон хоҳишмандон ҳам метавонанд дар курсҳои омӯзишӣ таҳсил намоянд. Марказ имконият дорад дар се гурӯҳ 75 бонуро фаро гирад.
Бино ба иттилои роҳбарияти донишкада корҳо дар самти ташкили курсҳои омӯзиши сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, ҷомадӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ идома дошта, марказ рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз мекунад.
Лола РИЗОӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 263