logo

иҷтимоиёт

ФАРЗАНД. ОЯНДАИ Ӯ ОЯНДАИ МИЛЛАТ АСТ

Сад шукр мегӯям, ки имрӯз мо дар давлати боамну ором ва пешрафтаву зебо, ки халқи олам мешиносадаш, зиндагӣ дорем. Ин ҳама ободӣ, пешравӣ ва бунёди роҳу корхонаҳои истеҳсолӣ маҳз бар асари сулҳу амонӣ, ваҳдату якдигарфаҳмии мардуми фарҳангдӯсту ватандӯсти тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро насиб гардидааст. Ба ин неъматҳо шукрона бояд кард, яъне ба қадри он бояд расид.

Дар васоити ахбори омма ҳамарӯза аз хабарҳои ҷаҳон огоҳ мегардем. Бо чашми сар мебинем, ки дар аксар давлатҳои чи қафомонда ва чи пешрафта амният таъмин нест. Мардум бе хонаву ҷой, пойлучу бараҳна, ташнаву гушна овораанд. 
Мутаассифона, ин ҳама пешравиҳо, ободкориҳо, бунёди иншооти азим, сериву пурӣ ва сулҳу амонии кишварамонро на ҳар кас, махсусан душманони дохиливу хориҷии миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанги тоҷик хуш қабул наменамоянд. Ин ҳама онҳоро ношоду нороҳат мегардонад. Хурсандии мову шумо ва фарзандонамонро дидан намехоҳанд  ва ба ҳамаи ин ҳасад низ мебаранд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки зарари худро расонанд. Ин тоифаи душманон дар дохил ва хориҷ ҷавонони бедонишу бесалоҳият ва нодону гумроҳи миллатро истифода бурда, ҳар гуна таълимоту равияҳоеро, ки ба дини мубини Ислом ва ба мазҳабу миллати мо ягон наз-дикие надоранд, ба мағзу хунашон ҷой менамоянд.
Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки  аз давлати мо низ дар хоки давлатҳои ҷангзада, ба мисоли  Афғонистону Ироқ ва Сурия ҷавонони  гумроҳ ба доми фиреби душманон афтида, силоҳро ба даст гирифта, меҷанганд. Барои кӣ ва ба  чӣ мақсад меҷанганд, худ ҳам намедонанд. Вақте пай мебаранд, ки ин кору рафторашон хато аст, аз карда пушаймон мегарданд, вале он вақт хеле дер шудааст.
Аксаран волидайни ин тоифа ҷавонони роҳгумзада бехабар аз онанд, ки фарзандашон ба чи кореву шуғле андармонанд. Афсӯс, вақте хабар меёбанд, ки онҳо дар дигар давлат яроқ ба даст гирифта, ҷангҷӯй гаштаанд. Пас аз он аст, ки оҳу фиғонашон фалакро тасхир мекунад.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки  дар тарбияи фарзанд беаҳамият набошем, аз хурдӣ онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, хизмат ба Ватан - модар  тарбия намоем. Нагузорем, ки ҷавонон   роҳи хаторо пеш гиранд ва ҳаёти худро барбод диҳанд.
Фирӯз БОҚӢ,
ноҳияи Спитамен


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2018    №: 28    Мутолиа карданд: 365

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед