logo

фарҳанг

ВАҚТЕ ҲУНАР ШОДӢ МЕОРАД...

Ҳунар кулбаи торикро пурнур, қалбҳоро шод ва ҳаётро зебо мегардонад. Он зиндагии якрангро чунон тағйир медиҳад, ки баъзан инсон худ ба ҳайрат меояд. Ин аст, ки ҳар фард мехоҳад ҳунарманд бошад ва дар ҷараёни ҳаёт ба шарофати касби хеш мушкили садҳо касонро осон намояд.
Ҳар як ҳунар бо хусусиятҳои хосси худ тафовут дорад. Аз ҷумла, тоқидӯзӣ, ки чун дигар ҳунарҳои мардумӣ аз замонҳои қадим байни аҳолӣ роиҷ гардида, то имрӯз яке аз дастовардҳои хуби ҳунари мардумӣ шинохта шудааст. Дар гӯшаву канорҳои Тоҷикистони азизамон занону духтарони зиёд шавқу завқи беандозаи худро ба ҳунар бахшидаанд ва тавассути ангуштони сеҳрангез тоқиҳое меофаранд, ки қобили таҳсину офарин аст.
Раҷабмоҳ Гулова, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз зумраи занони ҳунармандест, ки аз хурдӣ ба тоқидӯзӣ машғул аст. Вай мувофиқи шароити маҳал ва завқи одамон дар ин санъати амалии халқ ҳамеша мекӯшад навгоние ворид намуда бошад.
Ҳангоми дохил шудан ба коргоҳи дӯзандагиаш пай бурдем, ки ӯ нисбат ба касби хеш меҳру муҳаббати беандоза дошта, маҳсули ангуштони сеҳрбораш ба кас неруи тоза мебахшад.
Аз нақли ӯ бармеояд, ки аввалин бор ба даст гирифтани сӯзану матои махсус, ки танҳо аз он метавон тоқӣ дӯхт, ӯро ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ намудааст. Вале бо сабру таҳаммул тавонистааст нозукиҳои касбро пурра аз худ намояд.
- Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад,- мегӯяд Р. Гулова ва илова менамояд: “Бо гузашти солҳо ва кӯшиши беандоза дӯхтани ҳама гуна навъи тоқиро аз модарам ва дигар устодони ҳунар омӯхтам. Бароям мояи ифтихор аст, ки намуде аз ҳунарҳои мардумиро зинда нигоҳ медорам”.
Ӯ асосан тоқии гирда медӯзад. Қисми болои тоқиро гулдӯзӣ намуда, ба канори қисми бараш шероз мечаспонад ва ҳошияи онро низ гулдӯзӣ мекунад. Дар гулдӯзии ин навъи тоқиҳо бештар нақшҳои “ҳандасӣ” ва баъзан нақшҳои табиии “гулнусха” ё “баргнусха” ба кор мераванд. Ин тоқиҳо рангоранг буда, аз як паҳлу пӯпакдор низ мешаванд. Вале баробари тоқии гирда дар байни мардуми кӯҳистон тоқии “чортарк” низ маъмул аст, ки ба монанди тоқии “чустӣ” ва “ироқӣ” дӯхта мешавад.
Бештари тоқиҳои омоданамудаи ӯ дар чорабиниҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Борҳо дар озмунҳои мухталиф низ иштирок карда, баҳои сазовор гирифтааст. Ҳангоми намоиш маҳсули дасти ӯ таваҷҷуҳи сайёҳонро ҳам ба худ ҷалб намудааст: “Вақте онҳо аз маҳсулоти мо дидан мекунанд, дар ҳайрат мемонанд ва бо шавқ тамошо менамоянд. Бештар ҳамон нақшҳои махсуси дар тоқиҳо дӯхтаи мо, ки ифодакунандаи анъанаҳои миллию фарҳангӣ ҳастанд, ба онҳо писанд меояд. Лаҳзае, ки як нафар ба ҳунари мо таҳсин мехонад, худро хушбахт меҳисобаму ифтихор аз ҳунарам менамоям”,- бо хушнудӣ мегӯяд Раҷабмоҳ.
Қурбон АҲМАДЗОД,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2018    №: 28    Мутолиа карданд: 309

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед