logo

фарҳанг

ОСОРХОНАИ САДРИДДИН АЙНӢ ДАР САМАРҚАНД ТАРМИМ МЕШАВАД

Бино ба суханони яке аз фаъолони Ҷамъияти тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амина Шарофиддинова, «Ин тадбир ба шарафи 140 – солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ андешида шудааст».
Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон 300 миллион сӯм, ки ба 37 ҳазор доллар баробар аст, ҷудо намудааст. Дар ин раванд, ҳаводорони эҷодиёти устод, ҳамчунин, хоҳиш намудаанд, ки нимпайкараи ӯ, ки солҳои пеш дар назди хона – музей меистоду пасон онро ба ҳавлӣ дароварданд, ба ҷойи пештарааш баргандонда шавад. 
Хотиррасон менамоем, ки хона – музейи устод Садриддин Айнӣ дар маркази қисмати қадимаи шаҳри Самарқанд, дар наздикии ансамблҳои меъмории "Регистон" ва "Гӯри мир"  ҷойгир шудааст. Устод дар ин хона аз соли  1917, вақте ки аз хашми амир Олимхон паноҳ бурда буд, маскан гирифтааст. Айнӣ дар ин манзил қариб 35 – сол, то оғози солҳои 50 – уми асри гузашта, ба сар бурдааст. Минбаъд устод ба шаҳри Душанбе омада, дар пешрафти илму маориф ва фарҳанги кишварамон саҳми босазо гузоштанд.
Хона аз ду қисм иборат аст. Қисмати аввали он охири асри XVIII – оғози асри XIX сохта шудааст. Қисмати дувуми онро устод бо рафиқонашон солҳои 30 – юми асри гузашта бо дастони худашон сохтаанд.
Осорхона ба ҳаёт ва фаъолияти илмиву адабии шоир ва нависандаи маъруфи тоҷик, мутарҷим ва адабиётшиноси варзида Садриддин Айнӣ бахшида шудааст. Он аз ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва ду дафтари кории устод иборат мебошад. Асарҳои ҷовидонаи «Ғуломон», «Одина», «Ятим», «Мактаби куҳна» ва «Исёни Муқаннаъ» дар ҳамин ҷо офарида шудаанд.
Дар хона - музей метавон бо ашё ва ҷиҳози қадимаю замони шӯравӣ, ҳамчунин, ашёҳои худи устод, аз ҷумла мизи машҳури кориашон, шинос гардид. Дар кунҷи хонаи нақшинкорӣ сандалии устод нигоҳ дошта шудааст. Айнӣ шабҳои сарди зимистон паси ин сандалӣ нишаста мутолиа намуданро дӯст медошт.  Дар меҳмонхона он кас дӯстону меҳмонони олиқадрро қабул ва меҳмондорӣ мекарданд. Ғафур Ғулом, Абдурауфи Фитрат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Ғанӣ, Миртемур, Усмон Носир, Ҳамид Алимҷон барин шахсиятҳои маъруф аз ҷониби устод дар ҳамин ҷо пазируфта мешуданд. Дар ҳавлӣ ниҳолҳои шинондаи устод қомат афрохтаанд. Ду дарахти себ, шафтолу ва ток то ҳол бороваранд. 
Экспозитсияи асосии осорхонаро асарҳо ва дастхатҳои худи устод ташкил медиҳанд. Рӯзнома ва маҷаллаҳои дар нимаи аввали асри ХХ бо забони тоҷикӣ нашршаванда низ дар ҳамин ҷо гирд оварда шудаанд. Ҳамчунин, асарҳои ба дигар забонҳо тарҷума ва нашргардидаи устод ба маъраз гузошта шудаанд.
Осорхона ҷойи дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони ин кишвар буда, дар он зуд – зуд чорабиниҳои мухталифи адабиву фарҳангӣ гузаронда мешаванд. 
М. ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2018    №: 28    Мутолиа карданд: 360

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед