logo

иқтисод

БОЗОРИ "ДЕҲҚОН". СИФАТИ МАҲСУЛОТ ЗЕРИ НАЗОРАТ АСТ

Давлату Ҳукумати кишвар баҳри некуаҳволии сокинон ва фаровонии маҳсулоти босифати мавриди ниёзи мардум шароиту имкониятҳои мусоид муҳайё сохтаанд. Давоми соли сипаришуда аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати беҳбудии фаъолияти бозорҳои пойтахт чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, фаъолияти онҳо зери назорати қатъӣ гирифта шуд. Роҳбарони фурӯшгоҳҳои калони шаҳр -  «Шоҳмансур» ва «Деҳқон» бо сабаби саҳлангорӣ дар самти танзими нарху наво ва риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ аз вазифаашон сабукдӯш гардиданд.
Бо дастгирии раиси шаҳр тайи муддати кӯтоҳ дар фаъолияти бозори «Деҳқон»  низ тағйироти чашмрас ба амал омад. Дар даромадгоҳи он намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрасу сифати баланд ташкил ёфт, ки ба  муътадил гардидани арзиши меваю сабзавот мусоидат намуд. Инчунин, тартиби кори савдогарону тоҷирони бозор ва тозагии растаю гузаргоҳҳо  беҳтар шуда, камбудҳои ҷойдошта рафъ гардиданд. Айни замон маҳсулоти ниёзи мардум дар ин фурӯшгоҳ нисбат ба  дигар бозорҳо арзон ва босифаттар аст.
Ба гуфтаи Мастон Шарифов, муовини директори бозори «Деҳқон», дар ин макон барои фурӯши маҳсулот тамоми шароитҳои савдо фароҳам оварда шуда, сифат ва сатҳи нархи меваю сабзавоти ба фурӯшгузоштаи тоҷирон ҳар рӯз зери назорат қарор мегирад. 
- Мо кӯшиш мекунем, ки пеш аз ҳама, худи деҳқон имконият пайдо намуда, маҳсулоташро дар ин ҷо фурӯшад. Барои маҳсулоти  бозор нархномаи махсус тартиб дода шуда, он нисбат ба дигар гӯшаю канори шаҳр то 30 дарсад арзон аст.
Ҷамолиддини ҶАЛОЛИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2018    №: 28    Мутолиа карданд: 310

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед