logo

иқтисод

МОРАТОРИЙИ ДУСОЛА. ҲАДАФ ВА ЗАРУРАТ

Мақсад аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», ки ба наздикӣ ба имзо расид, кам кардани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои шаффоф ва мусоид барои соҳибкорию сармоягузорӣ мебошад. Заминаҳои ҳуқуқии мораторий дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» пешбинӣ гардидаанд, ки алъон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ҳақназарзода Комилҷон, сардори раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки мувофиқи лоиҳаи қонун мораторийи дусола ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ эълон шудааст. Зарурати муваққатан боздоштани санҷишҳо пеш аз ҳама, ба хотири танзими ҷараёни санҷишҳои беасосу такрорӣ мебошад, ки дар пешрафти соҳибкорӣ монеи асосианд.
Фароҳам овардани чунин фазои мусоид ба соҳибкорон имконият медиҳад, ки дар самти истеҳсолот муваффақ шуда, иқтидори саноатии кишварро таҳким бахшанд. Аз ин лиҳоз, соҳибкоронро зарур аст, то аз чунин дастгирӣ самаранок ва ба манфиати рушди истеҳсолот истифода баранд, дар кори пурмаҳсули хеш аз шаффофият ва масъулият кор гиранд.          
Ҳолатҳое ҳастанд, ки гузарондани санҷиш иҷозат аст ва ин дар моддаи 6 - и лоиҳаи қонуни болозикр дарҷ шудааст. Барои мисол, ғайр аз санҷишҳои нақшавии мақомоти ваколатдор, инчунин, агар аз ҷониби истеъмолкунандаи молу маҳсулот нисбат ба вайрон кардани ҳуқуқҳояшон аз ҷониби соҳибкор шикояти хаттӣ ирсол гардад, санҷиш гузаронда мешавад. Ё агар санҷиш ба муомилоти маводи доруворӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрока вобаста бошад, дар асоси пешниҳоди аризаи соҳибкорон оид ба барҳам додани фаъолият низ санҷиш доир мегардад.
- Дар ҳама ҳолат санҷишҳои гузарондашуда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешаванд, - гуфт Ҳақназарзода Комилҷон.
Дигар хусусияти мораторий аз он иборат аст, ки дар ин давра амалисозии як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад, аз ҷумла Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои ҷангал, гумрук, шаҳрсозӣ, меҳнат, тандурустӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда. Ба ғайр аз ин, як қатор меъёрҳое пешниҳод гардидаанд, ки метавонанд ба манфиати андозсупоранда хидмат кунанд. Масалан, санҷиши нақшавии ҳуҷҷатии аввалини фаъолияти соҳибкории хурд, ки супорандаи андози низоми содакардашуда мебошад, танҳо баъди сипарӣ шудани 36 моҳ аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ, мумкин аст. Ин муҳлат қаблан 24 моҳро ташкил медод. Дар шаш моҳ гузарондани беш аз як санҷиш манъ карда мешавад. Санадҳо ва қарорҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи Кодекси андоз ҳисоб ва таҳия гардидаанд ва ҳуқуқу манфиатҳои андозсупорандаро маҳдуд ё манъ мекунанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Бояд қайд намуд, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодгардида, новобаста аз вақти қабул ва эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуданашон, аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор мегиранд.
О. Вафобек,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2018    №: 28    Мутолиа карданд: 594
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед