logo

иқтисод

РАВҒАНИ НАХЛ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ таъкид доштанд: «Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Вале ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба назар мерасад, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст».
Коркарди аксари маҳсулоти хӯрокворӣ бидуни равған ғайриимкон мебошад. Маҳз равған дар таркиби хӯришҳо василаи таъминкунандаи витаминҳо, сафедаҳо, микро-макроунсурҳо ва кислотаҳо ба ҳисоб меравад. Ин таркибҳои кимиёӣ дар организм мубодилаи моддаҳоро ба вуҷуд оварда, тавоноӣ ва солимии инсонро нигоҳ медоранд. Танҳо дар ҳолати истифодаи оқилонаи равғанҳо ва риоя намудани талаботи бехатарии озуқаворӣ дар ҷараёни истеҳсоли он бехатарии истеъмолкунандаро таъмин намудан мумкин аст.
Дар Тоҷикистон асосан аз рустаниҳои пахта, офтобпараст, лӯбиё ва зағир аз рӯи технологияи анъанавӣ ва муосир равғани истеъмолӣ тавлид мекунанд. Ҷараёни истеҳсоли ин равғанҳо  мавриди назорати   стандартӣ қарор дошта, натиҷаи назорат ва таҳлили истеҳсоли маводи ин соҳа дар ҳамоишу чорабиниҳои расмии мақомоти соҳавӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифтаанд. Умуман, раванди истеҳсоли равған ва  маҳсулоти равғани ватанӣ дар корхонаҳои хусусӣ аз ҷониби мақомоти назоратӣ таҳти  назорат қарор дорад. Бо назардошти он ки дар бозори истеъмолӣ равғани истеҳсоли ватанӣ нокифоя аст,  равғанҳои истеҳсоли хориҷӣ ба бозори кишвар роҳ меёбанд.
Бехатарии равғани воридотӣ низ дар мақомоти назоратӣ санҷида мешавад. Аммо, бояд иқрор шавем, ки барои масъулин назар ба назорати равғани воридотӣ  назорати истеҳсоли равғани ватанӣ осон ва дастрас мебошад. Мутаассифона, солҳои охир ба бозори истеъмолӣ равғанҳое ворид мешаванд, ки онҳо ба муҳити Тоҷикистон тамоман созгор нестанд.
Ба назари мо, яке аз сабабҳои  асосии таваҷҷуҳи мардум ба равғанҳои воридотӣ  дастрас набудани иттилоот оид ба ҷараёни истеҳсоли онҳост. Мутахассисони соҳаи тиб, санитарию гигиенӣ ва бахши назорати хӯрокворӣ аз зарари ин гуна равғанҳо, аз ҷумла равғани нахл, огоҳ бошанд ҳам, бо сабабҳои номаълум оид ба зарари он ҳарфе намезананд.
Чуноне ки олимон Н. Разоренова ва Б. Тихонов дар китоби “Равғани нахл – афсона ва ҳақиқат” иттилоъ медиҳанд, равғаннокии нахл аз  25 то 70 фоиз мебошад. Равғаннокии маҳсулоти ватанӣ, ба монанди офтобпараст аз 42,1 то 54,3, зағир аз 30,2 то 50,3 ва пахта аз 18 то 23 фоизро ташкил медиҳад. Вале бо сабаби нархи дастрас доштани равғани нахл дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба он рӯз ба рӯз афзоиш меёбад, ҳарчанд истеъмоли ин равған сарчашмаи касалиҳои гуногун мебошад.
Олимони соҳа, аз ҷумла Н. А. Разоренова ва  Б. Б. Тихонов, ба хулосае омаданд, ки равғани нахл дар асоси саломас (саломас  равғани сахт буда, дар истеҳсолот бо роҳи гидрогенизатсия ба даст оварда мешавад)  доштанаш бояд аз доираи истеҳсоли равғанҳои пухтупазӣ бароварда шавад, зеро ҳаҷми  кислотаҳои трансизомерӣ бештар дар таркиби он мавҷуд аст, ки ба инкишофи касалиҳои фаромӯшхотирӣ ва бемориҳои дилу рагҳо оварда мерасонад.
 Яке аз намудҳои равғани нахл – равғани техникиро дар истеҳсоли косметика ва собун истифода мебаранд. Ин равған аз  намудҳои дигари равғани нахл 5 маротиба арзон мебошад. Нозирони соҳа  муайян намудаанд, ки имрӯзҳо баъзе  истеҳсолкунандагони соҳаи хӯрока дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои равғани нахли хӯрока аз равғани техникӣ истифода мебаранд, ки нобахшиданист. Он ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нест, аммо дар кӯчаю бозорҳои шаҳр ба таври озод фурӯхта мешавад. Истеъмоли чунин равған дар организми инсон раванди ҷамъоварии радикалҳои озодро бармеангезад ва ба хуруҷи касалиҳои онкологӣ оварда мерасонад.
Зарари асосии равғани нахл аз зиёд будани кислотаи равғани сершуда дар таркиби он сар мезанад. Аз ин сабаб, пеш аз воридот ва истеъмол ин равған бояд аз озмоишгоҳҳои махсуси стандартӣ гузарад. Ҳамзамон, зарари истеъмоли ин равғанро бояд олимону мутахассисон шарҳ диҳанд. Дар акси ҳол, бо истеъмоли ин равған мо ба мардум ва ояндагон танҳо беморию  иллатҳои гуногуни ҷисмонию равониро ба мерос мегузорем. 
Гулмаҳмад МИРЗОЕВ,
 мудири кафедраи мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли хӯрокаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2018    №: 28    Мутолиа карданд: 266

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед