logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Собирбой дар хотир дорад, ки падараш устои дуредгар буду умре хизмати мардуми деҳа мекард. Боре падар ҳамаи чор писарро ҷамъ намуда, чанд нуктаеро ба забон овард, ки на танҳо дар хотири бачаҳо нақш баст, балки ҳидоятгару раҳнамои онҳо ба шоҳроҳи зиндагӣ гардид.
- Шумоён чор писар, чор сутуни хонадон ҳастед, - гуфт падар. – Тавре зиндагӣ кунед, ки ин сутунҳо ҳамеша устувору бобақо бошанд. То метавонед ба амали нек даст занед. Тавре умр ба сар баред, ки ҳамеша ва дар ҳар ҳолату ҳама ҷо ба эҳтирому самимияти атрофиён ноил гардед.

Чор бародар аз пайи амалӣ намудани хоҳиши падар шуданд. Аз субҳ то шом меҳнат мекарданду мондашавиро намефаҳмиданд. Лек шодиашон дер давом накард. Ҷанги хонумонсӯз сар шуд. Дар як муддати кӯтоҳ 230 нафар ҷавонмарди шуҷои деҳаи Сурх ба фронт сафарбар гардид. Бародари калонӣ Мирниёз рӯзҳои аввали ҷанг ихтиёрӣ ба сафи муборизон ҳамроҳ гашт. Ду сол пас Мирзарифу Муҳаммадлатифро низ ба хизмат даъват карданд. Ду нафар дар роҳи ҳифзи Ватан диловариҳо нишон дода, ҷони хешро қурбон намуданд. Танҳо Муҳаммадлатиф баъди ғалаба ба Ватан баргашт. Солҳои зиёд узви хоҷагии «Саховат» буд ва аз ҳамон ҷо ба нафақа баромад.
Собирбой солҳои ҷанг бо вуҷуди бачаи хурдсол будан ҳам дар мактаб таҳсил мекарду пас аз дарс якҷоя бо ҳамсабақонаш ба аҳли деҳа дар коркарди зироатҳо ва  ҳосилғундорӣ дасти мадад дароз мекард.
Рӯзе Собирбойро чун навраси фаъолу боғайрат ва кордон ба шаҳри Исфара даъват намуданд. Роҳбарони онвақтаи шаҳр бо вай суҳбати хосса барпо намуда, супориш доданд, ки дар мактаб вазифаи сарвари созмони пионериро ба уҳда гирад. Дар як вақт ба омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии шаҳри Конибодом дохил шуда, таҳсил намояд.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Собирбой пас аз хатми омӯзишгоҳ дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас қадамҳои устувор гузошт. Чанд сол сипарӣ гашту вай ҳамчун омӯзгори болаёқат, соҳиби маҳорату истеъдоди хосса ном баровард.
Соли 1958 ба зиммаи Собирбой вазифаи мудири қисми илмӣ, сонитар ҷонишини директори МТМУ № 29 – ро вогузор намуданд. Баъдтар тӯли наздики сӣ сол чун ҷонишин ва раиси ҷамоати деҳаи Сурх фаъолият дошт. Айёми роҳбариаш ба масъалаҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ободонии деҳа, ҷалби духтарон ба таҳсил эътибори хосса медод.
Бояд қайд кард, ки фарзандони ин устоди некном имрӯз идомадеҳи кори падаранд. Орифҷон омӯзгори фанни математика ва информатикаи МТМУ № 26 асту Каримҷон бошад, дар МТМУ № 56 дарс мегӯяд. Дигар фарзандон низ соҳиби касбу кор ва оила буда, бо амалҳои хайри хеш ном баровардаанд.
Мирзоҳикмат МАҲКАМОВ, собиқадори маориф


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 29    Мутолиа карданд: 316

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед