logo

туризм

ТУРИЗМ. ЧАНД ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ

Сайёҳӣ ё ба ибораи нисбатан маъмули академӣ – туризм яке аз соҳаҳои тараққиёфтаи замони муосир ба шумор рафта, дар баъзе мамлакатҳои ҷаҳон, ба монанди Фаронса, Испания, Австрия, Кипр, Малайзия, Туркия, Чин манбаи асосии даромади иқтисодиёти миллӣ гардидааст.
Аз таҷрибаи кишварҳои мутараққии сайёҳӣ бармеояд, ки барои рушди устувори туризм бар замми мавҷудияти иқтидори бузурги сайёҳӣ, инчунин, дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлат ва ҳукумат ниҳоят зарур мебошад.
Боиси хушнудист, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, бо дарназардошти иқтидори бузурги сайёҳӣ барои рушди он дар кишвар зина ба зина корҳои созандагию бунёдкориро амалӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум» эълон гардид, ки ин далели равшани таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ин соҳаи барои иқтисодиёти кишвар ҳаётан муҳим маҳсуб меёбад.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ, қуллаҳои осмонбӯс, чашмаҳои шифобахш, табиати зебову ҷолиб ва иқлими офтобӣ, диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аз замонҳои қадим дар саргаҳи роҳҳои бузурги тиҷоративу сайёҳӣ, аз ҷумла шоҳроҳи Абрешим воқеъ буд ва бешак дар раванди тиҷорату сафарҳои фарҳангии халқу миллатҳои гуногун нақши муҳим бозидааст.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки афзалияти рушди туризм дар он зоҳир мегардад, ки бо ҷалби сармояи нисбатан кам (дар қиёс ба соҳаи кишоварзӣ, саноат ва ғайра) ба Буҷети давлатӣ маблағҳои ҳангуфт ворид гардида, шумораи зиёди мардум бо ҷойҳои нави корӣ таъмин мегарданд ва, дар ин замина, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ қадами устувор гузошта мешавад.
Аз ин лиҳоз, бо назардошти муҳимияти масъала, ибрози чанд пешниҳоди зеринро зарур мешуморем:
- бо мақсади ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ таъсис додани Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии туризм;
- ташкил ва баргузор намудани ҳамоишҳои гуногуни илмӣ дар мавзӯъҳои «Вазъият ва пешомадҳои татбиқи «Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019», «Сайёҳӣ ҳамчун омили рушди минтақа», «Мушкилоти иҷтимоии рушди туризм» ва ғайра;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи барномаҳои давлатии рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023;
- бо ҷалби коршиносон ва мутахассисон таҳия ва чоп намудани қомуси миллии сайёҳӣ ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;
- таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ бо тафсирот ва тавзеҳоти таърихию фарҳангӣ ба забонҳои гуногун.
Фаридун Миракзода, 
омӯзгори Донишкадаи давлатии
забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 29    Мутолиа карданд: 987

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед