logo

иқтисод

АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. МУШКИЛОТ ВА ЧОРА

Вазъи мавҷудаи иқтисодию сиёсии ҷумҳурӣ моро водор мекунад, ки худамонро бо маводи озуқа таъмин созем. Яке аз шартҳои муҳими пешрафти давлат ба фароҳам сохтани истеҳсолоти аграрии самарабахш коркунанда, ба вуҷуд овардани бозори воқеии озуқавӣ, пешгирӣ намудани хатарҳои дохилию хориҷӣ дар умури озуқа, ҳамчунин ба захираҳои он, вобаста аст.
Омилҳои номбурда таъминоти умумимиллӣ ва ҳар як нафарро муайян мекунанд. Амнияти умумимиллии озуқавориро танҳо ба маънои захира намудани миқдори зарурии маводи озуқа фаҳмидан дуруст нест. Зери ин мафҳум, ҳамчунин, дастрас будани миқдори зарурии маводи озуқавории бидуни унсурҳои зиёновар, ки ба саломатии инсон таҳдид мекунанд, фаҳмида мешавад.
Мушкилоти мавҷудаи худкифоӣ аз маводи озуқа ва амнияти озуқавӣ барои кишвари соҳибистиқлоли мо масъалаи нисбатан муҳим ва афзалиятнок аст, зеро он яке аз ҷанбаҳои асосии зиндагии муътадили одамонро ташкил медиҳад. Мушкиле, ки ба амнияти умумимиллии озуқавӣ вобаста аст, ҳалли вазифаи нисбатан муҳими иҷтимоию иқтисодиро тақозо мекунад. Он кафолати дастрас будани озуқа барои аҳолӣ мебошад. Вобаста ба давраҳои нисбатан тӯлонӣ худкифоии умумимиллии озуқавӣ бояд аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас будани навъҳои нисбатан зарурии маводи озуқавӣ, аз он ҷумла маҳсулоти гӯшту шир, нӯшобаҳо, меваҳои ситрусӣ, маҳсулоти коркардашон мураккабро дар бар гирад. Дар ин росто таҷрибаи ҷаҳонӣ собит мекунад.
Густариши воридоти озуқаворӣ чун воситаи асосии қувват додани бозор нақши муайяни худро бозид ва барои беҳтар шудани таъминот бо озуқа мусоидат кард. Вале воридоти маҳсулот вазъи бозори дохилии озуқаро танг кард. Чунки маводи озуқавории воридотӣ безарар нестанд ва боз ҷои қисме аз маҳсулоти ба таври фаровон тавлидшавандаи ватаниро мегиранд.
Қариб барои ҳамаи кишварҳои мутараққӣ танзими бахши иқтисоди аграрӣ, афзалиятдиҳӣ, ҳифзи истеҳсолоти кишоварзии дохилӣ хос аст. Ин сиёсат ба мо аз он ҷиҳат зарур аст, ки сиёсати иқтисодии кишварҳои нисбатан тараққикарда фаъол ва ҳамлавар (агрессивӣ) асту хусусияти ошкорои истилогарона дорад. Хусусиятҳои нисбатан хосси ин гуна истило воридот ва ҳамлаи молӣ мебошад, ки истеҳсолгарони ватаниро бештар дар шароити нобаробар мегузорад. Ин вазъ метавонад ба қатъ гардидан ва муфлисшавии бисёр навъҳои ояндадори истеҳсолот, ҳамчунин, аз истифода баромадани қисми зиёди захираҳои мавҷудаи аграрӣ расонад. Аз ҷониби дигар, бахши аграрӣ ва, умуман, умури озуқаи мо метавонанд ба манбаи ашёи хоми кишварҳои нисбатан пешрафта табдил ёбанду онҳо пахта, пилла, тамоку, пашм, пӯсту чарм, пар, рустаниҳои доруворӣ, геран ва ғайраро бо нархи арзон дастрас намоянд. Оқибатҳои ин раванд ба талафёбии маблағҳо карахтии саноати коркард, бекорӣ ва таназзули иқтисодӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, мусоидат ба рушди истеҳсолоти ғизоии  ватанӣ дар баробари давлату Ҳукумат вазифаи ҳар фарди ватандӯст низ мебошад.
Фаррух АБДУЛВОСИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 29    Мутолиа карданд: 355

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед