logo

иқтисод

ЛАХШ. АЗ ИСЛОҲИ КАМБУДИҲО ТО КОМЁБИҲОИ НАВ

Баротзода Файзулло,
раиси ноҳияи Лахш

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коллективҳои меҳнатии ноҳияи Лахш баҳри иҷрои пурраи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои соли 2017 корҳои муайянеро ба анҷом расонданд. Дар зимн нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ 103 фоиз таъмин  гардид ва  ба  ҷойи   11 миллиону 817  ҳазор ба буҷет  12 миллиону 87 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша  270 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад. 

Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 8,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба  соли пешӣ 2,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Музди миёнаи маоши кормандони соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия нисбат ба соли гузашта 55 сомонӣ  афзуда, ба 680 сомонӣ баробар шуд.
Сохтмони бинои маъмурӣ барои кормандони андоз, биноҳои сехи кафшергарӣ дар назди литсейи касбии техникӣ,  биноҳои таълимӣ дар назди мактабҳои №20 - и  деҳаи Калтабулоқ ва № 9 - и  деҳаи Ҷиргатол, синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи Чубай, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ва полизӣ ба деҳаҳои Шилбилӣ (4,8 км), Пилдони Боло (5 км), Оқсойи Боло ва Оқсойи Поён (9,5 км), Ҷолборсӣ (1 км), Кушай (1,8 км) ва Қарамиқ (аз масофаи 4,5 км), таъмири канали Ҷонқирғиз – Қашқатерак ба масофаи 13 км ба итмом расида, сохтмони бинои маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Лахш, маркази саломатӣ барои беморони сил, таъмири шоҳроҳи байналмилалии Сайрон - Қаромик  ба масофаи 89 км бо  маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва  Бонки осиёии рушд,  канали Пиёзӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаҳои Янгишаҳр ва Қашқатерак идома доранд.     
22 апрели соли гузашта дар деҳаи  Шилбилии Ҷамоати  деҳоти Сурхоб бар асари офати табиӣ - сел 4 оила  пурра, 14 оила қисман ва 3 - 5 май бар асари заминларза дар ҷамоатҳои деҳоти Лахш ва  Алға 32 оила зарари пурра ва ҷузъӣ диданд. Барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиат ба маблағи 1 миллиону    405,5 ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид. Айни замон аз 37 хоҷагии зарардидаи деҳаҳои Шилбилии Ҷамоати деҳоти  Сурхоб,  Оқсойи Ҷамоати деҳоти Лахш, Дувана, Ачиқалма, Сарғой ва Қарамиқи Ҷамоати деҳоти Алға  33 хоҷагӣ бунёди манзилҳои нави истиқоматии худро ба итмом расонда, сохтмони 4 манзили  навбунёди дигар низ дар марҳилаи анҷомёбист.
Маблағи умумии сохтмон ва таъмири   иншооти ба итмомрасида  нисбат ба соли пешӣ 5, 3 миллион сомонӣ афзуда, қариб 31 миллион сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  ба  276 миллиону  650,3 ҳазор сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли пешӣ қариб 19 миллион  сомонӣ зиёд  аст. Назар ба соли қаблӣ истеҳсоли сабзавот, мева, асал, гӯшт, тухм, пашм зиёд шуда, ғаллаю картошка коҳиш ёфт.
Баҳри таъмини назорати истифодабарии оқилонаи замин ва таъмини аҳолӣ бо заминҳои таъйиноти гуногун аз ҳисоби  заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм, фонди махсус ва заминҳои захираи давлатӣ 60 хоҷагии деҳқонии инфиродии нав таъсис ёфт. Аз тарафи нозирони кумита оид ба назорати истифодаи замин  58 ҳолати  қонуншиканӣ ошкор карда, дар робита  ба онҳо чораҳои қатъӣ андешида шуданд.
Барои рушди варзиш дар ноҳия 1 варзишгоҳ бо   5200 ҷои нишаст, мактаби варзишӣ,  9 толор ва 89 майдончаи варзишӣ дар истифодаи умум қарор доранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои пешравии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳанӯз на ҳамаи имкониятҳо пурсамар истифода мешаванд. Дар бахшҳои саноату сохтмон, таъсис додани корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва ба ин васила ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ захираҳои истифоданашуда хеле зиёданд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ислоҳи саривақтии камбудиҳо, ноил шудан ба рушди воқеии иҷтимоию иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии шоистаи сокинони ноҳия равона  менамояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 29    Мутолиа карданд: 285

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед