logo

Хабарҳо

Ҷалби сармояи хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ

Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ, ҷалби сайёҳон ва сармояи Арабистон ба инфрасохтори сайёҳӣ, гузарондани курсҳои бозомӯзии кормандони бахши сайёҳӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода бо менеҷери иҷроияи шабакаи курортҳои «Raghadan Tourist Resort»-и  Арабистони Саудӣ доктор Солеҳ Аҳмад Товӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни вохӯрӣ ба Солеҳ Аҳмад Товӣ оид ба дастгирии давлатии бахши сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018, пешниҳоди имтиёзҳо барои дар панҷ соли аввали фаъолият аз андози даромад озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, 50 дарсад коҳиш ёфтани боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав, низоми электронии дастрас намудани раводид ва дигар ҷанбаҳои ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Солеҳ Аҳмад Товӣ иброз дошт, ки сармоягузорони Арабистони Саудӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби васеи сайёҳони кишварҳои арабӣ омодаанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 313

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед