logo

фарҳанг

НУСХАҲОИ ХАТТӢ. ҲИФЗИ ОНҲО ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР КАДОМИ МОСТ

Нусхаҳои қаламӣ ва сарчашмаҳои нодири осори ниёгон сарвати бебаҳо, ифодакунандаи рӯҳи замон ва муайянкунандаи сатҳи фарҳангиву илмии ҳар кишвар ба шумор мераванд. Аз ин ҷиҳат, ба ҳифзу нигаҳдории онҳо дар кишвари мо диққати махсус дода мешавад. Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз махзанҳои ҳифзшавандаи мероси хаттии осори шоирон ва олимону донишмандони гузашта ба ҳисоб меравад.
Агар ҳамаи нусхаҳои аслии осори ниёгон ҷамъоварӣ карда мешуд,  тавассути онҳо бисёре аз ғазалиёту рубоиҳое, ки имрӯз бо ҳуруфи кириллӣ дастраси омма қарор доранд, аз байтҳои илҳоқӣ тоза мегардиданд. Ҳоло қисман нусхаҳои хаттии «Шоҳнома» - и ҳаким Фирдавсӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон» - и Саъди Шерозӣ, «Девон» - и Камоли Хуҷандӣ ва дигарон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.  Дар нусхаҳои хаттӣ асолати матн бештар ҳифз гардидааст. Аз назари муҳаққиқони соҳа осори шоиронеро, ки ба дасти мо нарасидаанд, маҳз тавассути нусхаҳои хаттӣ метавон онҳоро ҷамъоварӣ ва барқарор намуд. 
Хушбахтона, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ихтисоси мероси хаттӣ дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфт  ва донишҷӯён бевосита ба омӯзиши нусхаҳои хаттӣ машғуланд. Умед аст, ки тавассути заҳмати онҳо ашъори суханварони гузашта, ки имрӯз ба мо муаррифӣ нагардидаанд, пешкаши муҳаққиқону мухлисони илму адаб мегарданд.
Ҳар яки мо бояд дар ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ худро масъул шуморида, саҳм гузорем. Бешак, метавон гуфт, ки нусхаҳои қадимтар ва мукаммалтаре дар дасти мардуми бофарҳангу китобдӯсти тоҷик ба унвони «ёдгорӣ аз гузаштагон» ва «мероси бобоӣ» дар сандуқҳо пинҳон ва ё дар гӯшае овезон гардидаанд. Ин гуна нусхаҳоро аз сандуқҳо баровада, ба бойгонии Китобхонаи миллӣ, ки бешак бойгонии миллат мебошад, супурдан вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Имрӯз моро зарур аст, ки нусхаҳои хаттиро ҳамчун ёдгории пурарзиши ниёгон маҳфуз дорем, тавассути онҳо гузаштаи пуразамат ва пур-арзишамонро дарк намоему ба оламиён нишон диҳем. Онҳо як ҷузъи муҳими фарҳанги миллиамон мебошанд. Пас, дуруст нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдан аз нусхаҳои хаттӣ арҷгузорӣ ба фарҳанги миллиамон низ мебошад. 
Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,
сардори шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодири
Китобхонаи миллии Тоҷикистон  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2018    №: 30    Мутолиа карданд: 414

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед