logo

иҷтимоиёт

ЗАН. МАЪРИФАТ ВА ОИЛА

Зан - Модар дар хонаводаи тоҷик аз қадимулайём нақши воло дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хосси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон файзу таровати дигар мебахшад. Аз ин рӯ, имрӯз ҳам мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хосса дода, мекӯшанд, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар саргаҳи ин амалҳои нек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.
Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва дорои фарҳанг буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила аз ҳар ҷиҳат солиму зирак ташаккул ёбанд.
Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвиш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.
Дар баробари ин, дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани хатлонӣ, ҷонфишониҳои Гурдофарид ва ватандӯстии Ойгул Муҳаммадҷонова дида метавонем. Аз ҷумла, модари Сад-риддин Айнӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон зани босаводу бомаърифат, модари аллома Бобоҷон Ғафуров, шоираи хушсалиқа Розия Озод ва модари бузургвори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи бузургтарин бонувони ҷаҳон ёд мешаванд, ки ба дунё чунин фарзандони барӯманду хирадсолорро додаанд.
Маҳз ана ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта, дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати махсус зоҳир мекунанд. Ҳоло занон дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар аз 50 дарсади аҳолиро ташкил дода, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд.
Бузурге фармудааст: «Ҷомеае фаъ-ол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд». Заноне дар ҷомеа фаъол буда метавонанд, ки соҳибмаърифатанд. Баъзан ҳолатҳое ҷой доранд, ки ба масъалаи омӯзиши занон, соҳибкасб гардидани онҳо кам аҳамият дода мешавад. Ҳатто дар баъзе минтақаҳои дурдасти кӯҳистон духтаронро аз синфи 9 аз мактаб мегиранд. Ин гуна рафтор теша задан ба решаи худ аст.
Манзур аз ин навишта тарбияи духтарон дар мактаб ва оила мебошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи моянд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Шуъбаҳои кор бо занон ва дигар ташкилоту муассисаҳои марбут ба тарбия низ бояд маърифатнокии занонро дар дараҷаи аввал гузоранд.
Ҳурматой САТТОРОВА,
омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2018    №: 30    Мутолиа карданд: 237

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед