logo

иқтисод

ГУЛИСТОН. ИМКОНОТИ ФАРОХ БАРОИ РУШДИ САЙЁҲӢ

Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии туристӣ ва дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ, туризм, хусусан тайи 20 соли охир, дар содироти мол ва хизматрасонӣ аз саноати мошинсозӣ, тавлиди маҳсулоти кимиёӣ, хӯрокворӣ, сӯзишворию компютерӣ пеш гузашт. Даромади умумии туризми байналмилалӣ тақрибан ба 10 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ баробар шудааст. Тоҷикистон бошад, аз ҷиҳати захираҳо, арзишҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дорои имконоти бузурги сайёҳист. Ва боиси ифтихори ҳар фарди кишвар аст, ки Тоҷикистон соли гузашта аз ҷониби созмонҳои маъруфи байналмилалӣ ба қатори кишварҳои барои сайёҳӣ ҷолиб дохил шуд.
Чун тамоми қаламрави Тоҷикистони биҳиштосо вилояти Суғд низ минтақаҳои зиёди сайёҳӣ дорад, ки яке аз онҳо мавзеи «Баҳри тоҷик», воқеъ дар ҳудуди шаҳри Гулистон маҳсуб меёбад. Дар ин ҷо осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил», «Усмонҷон» фаъолият доранд. Гулистон чун шаҳри қолинбофон, геологҳо, энергетикҳо ва моҳидорон таваҷҷуҳи сокинони мамлакат ва хориҷи кишварро зиёд ҷалб месозад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Гулистон соҳаи туризм рушд ёфта, барои истироҳату табобат имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.  Осоишгоҳи «Баҳористон» дорои 802,  «Шифо» 146, «Соҳил» 78 ҷой буда, 3 меҳмонхонаи ҳозиразамон  «Наврӯз-2000»  15, «Далер 777»  12, «Соҳил» 27 ва маркази солимгардонии «Усмонҷон» 30 ҷой доранд ва дар як шабонарӯз метавонанд ба зиёда аз 1100 нафар меҳмон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат расонанд.
Дар шаҳр тибқи талаботи “Барномаи давлатии рушди туризм” шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм амал мекунад, ки дар он бо иштироки роҳбарони муассисаҳои минтақаи истироҳатӣ ва меҳмонхонаҳо, марказҳои савдову нуқтаҳои хизматрасонӣ ва масъулини дигари соҳа масъалаҳои одоби муошират бо сайёҳон, сатҳи хизматрасонӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни тарғиботӣ - ташвиқотӣ ва монанди инҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
 Ҳамасола бо мақсади тарғиби имкониятҳои сайёҳии минтақа аз ҷониби муассисаҳои сайёҳии шаҳр тариқи васоити ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ намоиши маводи гуногуни тарғиботӣ - роликҳои рекламавӣ, буклетҳои иттилоотӣ ва тахфифҳо ба таври васеъ манзури муштариён карда мешаванд. Масалан, ба хотири ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ аз ҷониби ширкати ”Ал - Шафар” - и Амороти Муттаҳидаи Араб маркази ташхисию табобатии Закариёи Розӣ дар масоҳати умумии 536 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуд. Марказ бо таҷҳизоти замонавии ташхис ва табобатии ширкатҳои Олмон, Италия ва Чин муҷаҳҳаз, дорои 14 ҳуҷра ва 21 дастгоҳи муосири муоинаю ташхисию табобатӣ мебошад. Дар маркази мазкур қариб 40 нафар бо ҷои кори доимӣ таъминанд. Дар шаҳр марказҳои нави савдо ва хизматрасонии “Ирам”, “Сарват”, “Дурахшон”, “Кабир” ва қаҳвахонаи “Дурахшон” сохта ба истифода дода шуданд.  
Барои аз наздик ошно намудани сайёҳону истироҳаткунандагон аз ҷониби осоишгоҳи “Баҳористон” экскурсияи сайёр ба ҷойҳои фарҳангию таърихӣ, мавзеъҳои зебои вилояти Суғд ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар осоишгоҳҳои шаҳр ҷиҳати тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ дуконҳои фурӯши маҳсулоти  ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, тоқию ҷома, табақу коса, маснуоти ороишӣ ва дигар маводи туҳфаӣ  фаъолият доранд.
Дар осоишгоҳҳо ва марказҳои солимгардонии шаҳр барои қабули меҳмонон биноҳои истиқоматӣ бо ҳуҷраҳои се намуди дараҷаи сифат, системаи ягонаи муътадилкунандаи ҳарорати дохили бино, се бор хӯроки гарм, муолиҷа бо усулҳои физеотерапевтӣ, гиёҳдармонӣ, сӯзандармонӣ, табобати маҳсӣ, муолиҷаи бемориҳои системаи асаб, буғумдард, роҳи нафас ва меъдаю рӯда ва дигар намуди табобатҳо ба роҳ монда шудааст. Инчунин, сайёҳон ва истироҳаткунандагон метавонанд аз ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ оид ба теннис ва баскетболу волейбол, майдони бозии футбол истифода намоянд.
Дар маҷмӯъ соли гузашта дар осоишгоҳҳои шаҳри Гулистон ба 21 ҳазору 209 нафар сайёҳону истироҳаткунандагон аз Тоҷикистон ва 97 давлати хориҷӣ хизмат расонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 24,4 дарсад зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол, бояд иқрор шуд, ки дар минтақаҳои истироҳатии мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд, имконоти фарохи сайёҳӣ ҳанӯз нокифоя истифода мешаванд. Дар самти рушди соҳаи туризм ҳанӯз камбудиву мушкилиҳо ҷой доранд. Тарбияи кадрҳои баландихтисосу забондони соҳа, ташкили хатсайрҳои мувофиқ, роҳандозии инфрасохтори сайёҳии ҷавобгӯ ба талаботи сайёҳии муосир, такмили омори соҳа аз омилҳоеанд, ки дар оянда бояд дар мадди назар қарор гиранд.
Бо талошу ҳамдастӣ ва рафъи зудтари нуқсонҳои ҷойдошта Гулистон имкон дорад, ки воқеан ҳам, ба минтақаи тавонои сайёҳиву солимгардонии Тоҷикистон табдил ёбад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2018    №: 30    Мутолиа карданд: 894
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед