logo

иқтисод

КВД “ЛОИҲАКАШ”. КАСБИЯТ ДАР МАДДИ АВВАЛ АСТ

Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият дошта, дар 62 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ  корхонаҳои фаръӣ таъсис додааст.
- Самти асосии фаъолияти корхона тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва лоиҳакашӣ, аз ҷумла қонеъ гардондани талаботи субъектҳо дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ мебошад, - гуфт Султонзода Мирзо сарвари корхона.  
Корхона дар соли 2017 аз ҳисоби таҳияи лоиҳаҳо, расондани хизматрасонӣ дар соҳа ба маблағи бештар аз 11 миллион сомонӣ корҳоро анҷом дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 дарсад зиёд аст. Аз ҳисоби амалҳои сомондода ба буҷаи ҷумҳурӣ 3345788 сомонӣ ворид гардид.
Дар ин муддат корхона таҳияи нақшаҳои генералии деҳаи Ховалинг - маркази ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Ҷиликӯл – маркази ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлонро ба итмом расонд. Инчунин, дар озмуни таҳияи лоиҳаҳои “Сохтмони мактаб барои 744 ҷойи нишаст дар ноҳияи Сино”, “Сохтмони мактаб барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Фирдавсӣ”  ва “Азнавсозии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ”- и шаҳри Душанбе иштирок намуда, ғолиб омад ва ин лоиҳаҳоро ба анҷом расонда, пас аз ташхиси давлатӣ ба фармоишгар супурд.
Лоиҳаҳои Рамзи 20 - солагии Ваҳдати миллӣ, Парчами миллӣ  ва даромадгоҳҳои варзишгоҳ ва боғи асосӣ дар шаҳри Ваҳдат ва варзишгоҳ  барои  3000  ҷойи нишаст  дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Дӯстӣ ҳам маҳсули эҷоди мутахассисони ин коргоҳанд. Кормандони корхона дар баробари кори ҳаррӯза дар озмунҳои касбӣ ҳам  ширкат меварзанд. Лоиҳаҳои  ангоравии маҷмааи “Истиқлол” дар боғи “Дӯстии халқҳо”, варзишгоҳи шаҳрӣ бо  28000 ҷойи нишаст дар кӯчаи Балъамии шаҳри Душанбе, маҷмааи варзишии баскетбол барои 8000 нафар дар шаҳри Душанбе, мактабҳои  президентӣ барои хонандагони болаёқат дар  шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 нафар хонанда дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод ва лоиҳаи ангоравии дарвозаи шаҳри Бохтар ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1500 нафар хонанда дар шаҳри Душанбе ҳам маҳсули эҷоди соҳибкасбони КВД “Лоиҳакаш” мебошанд.
У. МУРОД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2018    №: 30    Мутолиа карданд: 353

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед