logo

сиёсат

ХИДМАТИ МОНДАГОР. АЗ ЭҶОДИ СУЛҲ ТО ЭҲЁИ ТАФАККУРИ ВАҲДАТГАРОӢ

Мардуми шарафманди тоҷик фаромӯш нахоҳанд кард, ки каломи «Ман ба шумо сулҳ меорам!» - и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони яъсу ноумедиҳо чи гуна дар дили хурду калон умед ба фардои зиндагиро дурахшон кард. Кунун, бо гузашти наздик ба 26 сол таҷрибаи зиндагӣ собит намуд, ки ин ҳарфҳо дар умқи хеш иродаву фазилати фарзанди фарзонаеро таҷассум мекард, ки халқи вомондаро ба қаламрави саодат раҳнамун кард.

Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон гирифтори муноқишаҳои дохилӣ гардида, бенизомиву бесуботӣ ҳукмрон буд, ба иқболи мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсиву давлатдорӣ зуҳур намуда, бо талошҳои пайгирона ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хотима дода, сулҳу ваҳдатро дар мамлакат пойдор намуданд.
Зарурат ва аҳамияти бузурги ваҳдати миллӣ, махсусан дар давраи соҳибистиқлолӣ эҳсос мешавад, зеро ваҳдати миллӣ бо эъломияи истиқлолияти  кишвар дар як радиф қарор дорад, ки яке бидуни дигаре вуҷуд дошта наметавонад.
Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992 – 1994 чун ашки сари мижгон дар вазъи ҳассосе қарор дошт. Бинобар ин, чораҳои муассире зарур буданд, ки ҷанги шаҳрвандиро хотима дода, ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намоянд. Бо дарки ҳамин зарурати таърихӣ Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд, ки дар он масъалаҳои муҳим, аз ҷумла интихоби роҳбари нави сиёсӣ, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи комил баррасӣ шуданд. Бояд зикр намуд, ки дар ин замина роҳбарияти нави сиёсии мамлакат ягона роҳи дурусти ба сулҳи комили миллӣ расиданро дар гуфтушунидҳо бо собиқ мухолифин медид. Аз ин рӯ, марҳилаи гуфтушунидҳо оғоз шуда, якчанд давр баргузор гашт ва ниҳоят 27 – уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом ёфтанд. Чун тулӯи офтобе, ки баъди чанд рӯзи боронҳои пай дар пай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, шахси ватандӯсту матинирода, фидокору қаҳрамони беназир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавонист яъсу ноумедӣ ва торикиро аз ояндаи халқу миллати хеш дур созад.
Имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони ояндасози мо ба таърихи миллат назар афканда, ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳанги ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ – иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро ғояҳои олии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯз торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад.
Дар зарфи 21 соле, ки аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо таҳким ёфт. Имрӯз Тоҷикистони азиз ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст ва пояҳои Истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмию сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарӣ донистаанд. Заминаҳои бунёдии тамоми комёбиҳои сиёсати дохилию хориҷӣ ҳосили талошҳои судовари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар заминаи хидматҳои бузургу мондагори ин шахсияти барҷаста ва сиёсатмадори соҳибэҳтироми сатҳи байналмилалӣ тоҷикон бори дигар ба аҳли башар собит намуданд, ки миллати тамаддунсоз ва фарҳангофаранд.
Аз ин рӯ, мардуми сарбаланди тоҷикро зарур аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз бо камоли сарфарозӣ аз ҳар ҳарфу ҳидоят ва ҳадафҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол карда, дар пешрафту шукуфоии кишвар, ҳифз ва густариши андешаи сулҳи тоҷикон ва фарҳанги нодири ваҳдатофаринӣ ҳар чи бештар иқдом намоянд.
Қурбон АҲМАДЗОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2018    №: 30    Мутолиа карданд: 330

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед