logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. АГЕНТӢ ШАҲРВАНДОНРО БА МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАЪВАТ МЕНАМОЯД

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муроҷиате тавассути сомонаи интернетиаш аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар амри мубориза бо коррупсия бо ин ниҳод ҳамкорӣ намоянд.
Бино ба навиштаи сомонаи агентӣ, далели ин тасмим таҳкими робита бо ҷомеа буда, баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ, ташаккули фазои оштинопазир бо ин падидаи номатлуб, таъмини иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз ҳадафҳои аслӣ ба шумор мераванд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар доираи ин иқдом барномаеро рӯи даст гирифтааст, ки бар асоси он муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати ошкорсозии амалҳои коррупсионӣ ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, муайян намудани хавфҳои коррупсионӣ дар вазорату идораҳо дар баробари дигар василаҳои ҷорӣ, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили «Viber» ва «Whats App» қабул карда мешаванд. Сомонаи агентӣ дар муроҷиат ба шаҳрвандон навиштааст, ки «дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо омилҳои коррупсионӣ метавонед, дар баробари телефони боварии 234-65-78, почтаи электронии агентӣ (Этот адрес электронной почты защищен от спам - ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра), инчунин, тавассути шабакаҳои иҷтимоии «Viber» ва «Whats App» ба рақами (+992) 880-00-63-77 муроҷиат намоед». Дар идома таъкид мешавад, ки танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем, бар зидди коррупсия мубориза бурда, ба паст кардани сатҳи он, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум саҳми арзандаи хешро гузорем.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи фаъолияти худ тавонист дар мубориза бо коррупсия ба натиҷаҳои назаррас даст ёбад. Ахиран, ин ниҳод дар баробари истифода аз дигар тадбирҳои зиддикоррупсионӣ, ташкили вохӯриву суҳбатҳо бо намояндагони  корхонаю муассисаҳои гуногун ва ҷомеаи шаҳрвандиро омили муҳими ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ шумурда, фаъолияташро дар ин самт таҳким бахшидааст.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2018    №: 30    Мутолиа карданд: 281

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед