logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ИМСОЛ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҶАҲОН ХОҲАД БУД

Таҳлили амиқи вазъи ҷаҳони муосир дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми табақаву доираҳо ва ҳар яки мо тақозо мекунад, ки нисбат ба равандҳои ҷории минтақавию байналмилалӣ бетараф набошем.
Зимни ироаи Паём моҳияти «тағйирёбии вазъи иқтисодиву амниятии ҷаҳон» ва ҷараёни ҷаҳонишавӣ дар доираи «раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши марҳилаи  нави «ҷанги сард», амиқан тафсир шуд, ки бояд рӯи он биандешем. Истилоҳ ва ибораи  «ҷанги сард», хосияти амиқи илмӣ - иҷтимоӣ дошта, дар оғози солҳои 2000 - ум қарори махсуси СММ дар мавриди хатари ин навъи ҷанг қабул гардида, даҳшатноктар аз силоҳи қатли ом маънидод гардида буд. Ҳоло ба таври ихтисору маҷмӯӣ шинохти онро коршиносону олимон чунин баҳогузорӣ кардаанд: ғасби мафкура ва ба нобудӣ бурдани халқияту давлатҳо аз харитаи сиёсии ҷаҳон. Дар ҳақиқат, пӯшида нест, ки имрӯз талошҳои низоми сиёсатҳои якқутбаву чандқутбасозии ҷаҳон авзои сайёраро торафт тира сохта, омили ба вуҷуд омадани бенизомиҳо гардидаанд.
Пешвои миллат чун як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи давлати Тоҷикистонро нисбат ба тамоюлоти манфии ҷорӣ чунин иброз намуданд: «Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад». Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо мамолики ҷаҳон, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ мавқеи калидӣ дошта, дар он чаҳор нукта – баргузории чаҳор ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ дар кишвари мо муждаи бисёр муҳим ба шумор меравад:
1. Пешвои муаззами миллат Тоҷикистонро кишваре муаррифӣ намудаанд, ки «бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир» ҳамкориҳои судмандро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ мемонад. Ин аст, ки моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи  муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии  хушунатомез  баргузор хоҳад гардид.
2. Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун ташаббускори ҳалли масоили глобалӣ, аз ҷумла масъалаи об эътироф гардидааст. Имсол дар партави ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат ва оғози татбиқи Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» баргузории чандин ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат ба нақша гирифта шудааст.
3. Дар Паём, ҳамзамон, зикр гардид, ки «Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши  муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи стратегӣ ва моҳияти хос дорад». Ба ҳамагон маълум аст, ки имсол Тоҷикистон раёсати ИДМ - ро ба уҳда дошта, дар доираи нишасту чорабиниҳои он ташрифи  сарони давлатҳои ИДМ ба пойтахти Тоҷикистон дар назар аст.
4. Соли равон дар Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад, ки воқеаи бузурги сиёсӣ - байналмилалӣ ба шумор меравад.
Пас, ҳамагон муваззафем, ки масъулияти баланди ватандорӣ, худогоҳии миллиро эҳсос намуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат саҳмгузор бошем.
Ҳилол БАҲРИДДИНЗОДА,
судяи суди ноҳияи Шоҳмансур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2018    №: 30    Мутолиа карданд: 443
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед