logo

Хабарҳо

ҚОНУНШИКАНИИ ЗАМИН. Аз 83000 сомонӣ ҷарима то 5 соли зиндон

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шарофат Қадриддинова ва шавҳараш - шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалиро барои даст доштан ба ишғоли худсаронаи қитъаи замин ва сохтмон дар он, қаллобӣ ва муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ гунаҳкор дониста, якеро ҷарима ва дувумиро равонаи зиндон кард.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Шарофат Қадриддинова барои нақзи талаботи моддаҳои 338 қисми 3 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б” ва 286 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятӣ 83000 сомонӣ ҷарима шуда, Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ барои вайрон кардани талаботи моддаи 338 қисми 3 банди “б” - и Кодекси ҷиноятӣ бо ҳукми суд 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Тафтишот муайян кардааст, ки онҳо моҳи июли соли 2017 бидуни ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда - сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва қарори раиси шаҳри Душанбе 0,06 гектар қитъаи замин дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансурро ғайриқонунӣ ишғол намуда, дар масоҳати 40,0 метри мураббаи он манзили истиқоматӣ бунёд кардаанд. Зимнан, Шарофат Қадриддинова хостааст, бар ивази 11000 доллари амрикоӣ қисмате аз ин заминро ба шаҳрванд У. Назиров диҳад. Вале ҳангоми гирифтани 6000 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 276

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед