logo

иқтисод

ДАРВОЗ. ЗАМИНҲОИ НАВ ОБЁРӢ МЕШАВАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рушди соҳаҳои замбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ ва боғдориву ситруспарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ба роҳбарон ва кишоварзон супориш доданд, ки  бо истифода аз имконият ва захираҳои мавҷуда барои рушд босамар истифода баранд.

Нурмуҳаммад Додов, сардори бахши кишоварзии ноҳия, дар ин бора иброз дошт, ки Дарвоз ба мисли дигар минтақаҳои Бадахшон аграрӣ буда, замини хеле кам дорад. Бо вуҷуди ин, заминаш ҳосилхез аст. Чарогоҳҳои доманфарох ва боғҳои мевадор барои рушди кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок шароит ва имконияти фаровон доранд.  Ҳаҷми умумии заминҳои обӣ дар ноҳия 670, боғҳо 360 ва чарогоҳҳо 21 635 гектар мебошад. 
Мутаассифона, дар солҳои бесарусомонӣ ҳазорҳо гектар замини ин минтақа поймол гардида, чорво талаф ёфт. Фермаҳои чорводорӣ ва оғилхонаҳо  қариб холӣ монданд. Ситруспарварӣ низ аз байн рафта, аз 42 лимӯхонаи дашти Роғаки Ҷамоати деҳоти Нулванд ному нишон намонд. Замбӯриасалпарварӣ ва асппарварӣ бошад, ба сифр баробар шуд.
Хушбахтона, бо дастгирии давлату Ҳукумат тайи солҳои охир ин соҳаҳо аз нав барқарор шуда, рушд карда истодаанд.  Соли гузашта дар ин минтақаи пурфайзу баракат 5262 тонна картошка, 1220 тонна сабзавот, қариб 800 тонна мева, 378 тонна гӯшт, 2350 тонна шир, 987 ҳазор дона тухм, қариб 60 тонна асал ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид. Ҳоло талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда, қисми дигари дастранҷи деҳқонон ба бозори ҷаҳонӣ бароварда мешавад.
Дар ин фасли зимистон асал бо навиштаҷоти «Асали Дарвоз» дар зарфҳои зебои махсус бозори дохилӣ ва хориҷи кишварро фаро гирифтааст. Гиёҳҳои шифобахши зира, шираи камол, гулхорут ва ангат низ харидори зиёд доранд.
Дар хоҷагиҳои зотпарварӣ беш аз 12 ҳазор сар чорвои калони шохдор, 221 сар моли майда, 24920 сар паранда, 4 110 оилаи замбӯри асал ва 200 сар асп парвариш карда мешавад. Барои рушди соҳа беш аз 100 гектар заминҳои нав ва даҳҳо гектар боғҳои мевадиҳанда бунёд шуданд. Вале ин ҳанӯз ҳадди ниҳоӣ нест. Чунки дар ин минтақа захира ва имконияти васеъсозии заминҳои корам зиёданд. 
Мардуми шарафманди ин диёри ободу зебо, хусусан кишоварзон, боварии комил доранд, ки бо дастгирии давлату Ҳукумат ин мавзеъҳо дар оянда обёрӣ карда мешаванд. Дар ин ҳолат Дарвоз дорои қариб 800 гектар киштзор ва боғоти нав гардида, дигар онро минтақаи камзамин нахоҳанд гуфт.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2018    №: 31    Мутолиа карданд: 347

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед