logo

иҷтимоиёт

ПАДАР. ОЁ ҚАДРИ ӮРО ДОНИСТАЕМ?

Дар қарни 21 на танҳо анҷоми вазифаи падару модарӣ, балки анҷоми ҳар масъулияте на ба осонӣ ба даст меояд. Агар инсонҳои замонҳои пешинро масъулияти асосӣ ва аслиашон ташкили хонавода буд, имрӯз дар шароити гуногунҷанба ва мошинӣ гардидани зиндагӣ, хонадорӣ ва тарбияи фарзандон на ҳама вақт  аввалиндараҷа маҳсуб дониста мешавад.
Имрӯз суръати зиндагӣ хеле болост, фурсат кам, вале масъулиятҳо зиёд аст, ки, мутаассифона, волидайн наметавонанд ҳузуру ширкати фаъоли худро дар зиндагии фарзандонашон дош-та бошанд.
Таъкиди аслии инҷониб ба ин масъала аст, ки робита ва муносибати падар бо фарзанд нисбат ба робитаи модар бо фарзанд на камаҳамияттар мебошаду на муҳимтар. Маҳз ҳамин фарқияти вазифаҳову нақшҳои падару модар дар тарбияи фарзанд барои кӯдак муфид маҳсуб мешавад.
Таассуфи бештар ин ҷост, ки баъзан падарон дар мавқеияте қарор мегиранд, ки маҷбур ҳастанд аз байни муваффақияти шуғлӣ ва муваффақияти хонаводагӣ фақат якеро интихоб намоянд.
Аксарият бар ин андешаанд, ки мазҳари эҳсосоту меҳрубонӣ дар хонавода модар аст ва падар дар ин ҷода  ҳеҷ масъулияте надорад. Дар асл ҳеҷ чиз монанди табдил шудан ба як падари дилсӯз ва ошно бо вазоифи падаронаи худ мардро такомул намебахшад.
Ҳарчанд ки набудани  падар ҳам ба писарон ва ҳам ба духтарон таъсир мегузорад, ба назар мерасад, ки ин таъсирро писарон бештар эҳсос мекунанд. Натиҷаи як таҳқиқу бозпурсӣ нишон додааст, ки агар писарон аз падарони хеш дар давраҳои аввали кӯдакӣ ҷудо монда бошанд, дар иҷрои нақши писаронаи худ нисбат ба писарони дигар бештар мушкил доранд. Писарон дар ғоиб аз падар, бавижа дар марҳилаҳои аввалияи рушд, ки мехоҳанд биёмӯзанд чи гуна контроли рафторҳои худро дар ихтиёр бигиранд, осебпазир ҳастанд.
Муҳаққиқон бар ин боваранд, ки писарони ҷавон дар марҳилаҳои мушаххас барои рушди шахсияташон ба падаре эҳтиёҷ доранд, ки амалҳои алоҳидаи онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дошта бошад. Мушаввашиҳои хоб, монанди хобҳои тарснок дидан ё куллан тарсончакӣ барои писарон ҳангоми дурӣ аз падар ба вуҷуд меояд. Ба писароне, ки ташнаи дидору ҳузури падар мешаванд, тарси дарунӣ ғалаба мекунад ва дар ин ҳол майли шадид барои дидори қиблагоҳ эҷод мегардад. Ва ҳам писароне, ки дар ҳоли дурӣ аз падар ба камол расида, ҳузури ӯро дар канори худ кам эҳсос мекунанд, метавонанд аз худ як насли пархошгар ва контролнашудаеро  муаррифӣ намоянд.
Духтароне, ки дар хонаи бепадар ба воя мерасанд, баъдҳо нисбат ба бақияи духтарон дар робитаҳояшон бо писарон дучори мушкилоту нофаҳмиҳои бештаре мешаванд. Муаллимони писароне, ки бепадар бузург мегарданд, изҳор доштаанд, ки ин гурӯҳ нисбат ба бақияи писарон аз назари рушди ахлоқӣ ақибтаранд.
Таҳлилҳо собит намудаанд, ки модарони беҳамсар рӯи кӯдаконашон қудрати зиёдтаре доштаанд, зеро маҷбур будаанд, ки аз назари назм ва тарбият сахтгир бошанд. Ба ҳар ҳол кӯдаконе, ки дар ғоиби падар бузург мешаванд, нисбат ба иқдомоти тарбиятии модар аз худ рағбати камтаре нишон медиҳанд.
Вуҷуди падар боиси пуштибонӣ ва дастгирӣ аз тасмимоти модар мешавад, ба ин тасмимот эътибор мебахшад ва боиси афзоиши эҳтироми кӯдак нисбат ба тарбияи модар мегардад.
Нақши падар дар кумак ба рушди кӯдак ва нақши кӯдак дар рушди шахсияти падар  мавқеи хоссаро ишғол менамояд. Агар падар ғоиб бошад, на падар ва на кӯдак, он тавр ки мебояд, рушд намекунанд.
Падарон дар тарбияи писарони худ ба унвони мардони оянда ин нуктаро бояд ҳалқаи гӯшашон намоянд, ки манзур аз мардонагӣ хушунат, бераҳмӣ, ҷоҳталабӣ, ҷасорат, ҷинояткорӣ, нооромӣ нест, балки мард шудан ба маънии қатъият, мусбат будан, масъулиятпазирӣ, мантиқӣ будан ва тавоноии эҷоди тағйир дар мавқеиятҳои душвор аст. Ва ин тавоноиҳои асосӣ бояд бар пояи тарбия, муҳаббату тавоноии ишқ варзидан ва зиндагӣ кардан устувор бошад.
Имрӯз дар ҷомеа шоҳиди баъзе носипосиҳо нисбат ба қадр ва манзалати падар мешавем. Аз ҷумла, фарзандони ду хонаводаи тоҷик бар асари амиқ нашинохтани қадр ва мартабаи падар ҷасорат ба куштори ин азизон намудаанд.
Ғафуров Табур Исломуддинович 8 ноябри соли 2014, тахминан соати 1620 дақиқа дар ҳавлии истиқоматиашон, воқеъ дар деҳаи Шурмашки Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ дар ҳолати мастӣ бо падараш Ғафуров Исломиддин муноқиша менамояд. Натиҷаи муноқиша ин мешавад, ки писар бо калтаки дар дасташ буда, ба сари падараш як зарба мезанад ва ин зарба аз он ҷо ки боиси ҷароҳати вазнин бардоштани падар будааст, мӯҷиби маргаш мешавад.
Мастӣ. Як зарба ва марг. Як лаҳза метавонад зиндагии инсонро комилан дигаргун созад ва як калтак ҳам метавонад тақдирсоз гардад.
Писаре, ки дар ҳолати мастӣ ҷуръати даст рӯи падар баланд кардан мекунад, дар вазъияти маъмулӣ ҳам қадрдон ва падаршинос набудааст. Гарчанде ки шароби зиёд ақлро мебарад, вале маъмулан эҳсоси инсон дар ҳадде ҳифз ҳаст.
Ғафуров Табур пеш ду маротиба суд шуда буд ва 4 рӯз пеш то содир кардани ҷиноят бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз зиндон озод шуда будааст.
Каримов Фирдавс Саъдуллоевич 4 октябри соли 2014, тахминан соатҳои 8 дар замини саҳрои деҳаи Сангрези Ҷамоати деҳоти Лоҷутҷияи ноҳияи Ховалинг падараш Каримов Саъдулло Файзуллоевичро бо истифода аз яроқи шикории тамғаи ИЖ парронда, ба ҳалокат расондааст.
Баъзеҳо фикр мекунанд, ки вазифаи падар фақат дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонавода ҳасту халос. Вале, бояд донист, ки гарчанде ки падарон дар тарбияи фарзандон зоҳиран аз худ ширкати фаъол нишон намедиҳанд, вале шахсияташон, шеваи бархӯрду тарзи нигаришҳояшон фарзандонро амиқан таҳти таъсир мегузоранд ва ҷавонмардиҳову  ноҷавонмардиҳои онҳо дар иҷрои масъулиятҳо ва нақши падарии худ дар шукуфоӣ ё пасравиҳои ояндаи фарзандон таъсиргузор хоҳанд буд.
Падарон ба хотири мартаба ва манзалати ношинохтае, ки доранд ва ин ки саҳми онҳо зоҳиран фаъ-ол ба назар намерасад, ин воқеиятҳо боис шудааст, ки фарзандони нохалаф дар ҷиҳати беэҳтиромӣ ва беадабӣ берӯёнатар далерӣ кунанд. Мисоли овардаи ду куштори падар боис гардида, ки дар ин маврид биандешем, ки наход падар бо талоши рӯзафзуни худ, бо раҳме, ки нисбат ба фарзанд дошт, худ дар сармову гармо кор кард, ҳадди ақалли эҳтироми онҳоро лоиқ нашуда бошад?
Вақте ки тасвири зоҳириву ботинии падарро дар хаёли худ гузошта, онро баҳо медиҳем, пас чӣ шахсиятеро ва чӣ рӯҳониятеро мо мебинем? Магар падар фақат ба хотири падар будан наметавонад сазовори ҳурмату эҳтиром бошад?
Дарандае чун шер ва парандае чун уқоб магар метавонад волидайни хешро захмӣ кунад ва ё бикушад?
Магар фарзанд поягузору номбардору меросбари падару модар нест? Магар фарзанд наметавонад намунаи пиндориву  кирдории падару модари хеш бошад? Оё аз хонаводаҳое, ки майхораанд, дарандахӯанд, фоҳишасуратанд, ва умуман, бадахлоқанд, фарзандони наку баромада наметавонад?
Билохира, вой бар ҳоли фарзанде, ки натавонист дар умқи мағзи худ биншинад, ки ӯро Офаридгор аз чӣ тавлид кард, ба василаи чӣ тавлид шуд, чӣ хел ба воя расид ва одамияти худро чӣ гуна такмил дод.
Дар интиҳо хитоб ба онҳое, ки мегӯянд падари мо падари хуб набуд, аз ин лиҳоз, лоиқи эҳтироми мо набудааст, ҳаминро гуфтаниам, ки Худованд вақте ки хост масири рушди инсонҳоро расм кунад, яке аз мактабҳои қавиеро, ки таҳсил дар онро барояш фарз намуд, хонавода унвон кард ва дар ислом хонавода, яъне ҳузури комили падар ва модар дониста мешавад. На модар ҷои холии падарро метавонад пур кунад ва на падар қодир аст нақши модарро барои фарзандон бозӣ кунад. Чунки модар сифати ҷамоли Худост ва падар сифати ҷалоли Ӯ ва фарзанд вақте шукуфо мешавад, ки ҳар ду дарсро аз омӯзгорони қавӣ ба хубӣ аз бар кунад. Боқӣ қазоват аз шумост!
Саидислом АБДУҶАББОРЗОДА,
муовини сардори Раёсати агентии
назорати давлатии молиявӣ ва
мубориза бо коррупсия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2018    №: 31    Мутолиа карданд: 291

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед