logo

маориф

МТМУ № 46. ОФТОБРО БО ДОМАН ПӮШОНДА НАМЕШАВАД!

Таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 46 - и ноҳияи Сино аз раванди навсозиву мувофиқ кунонидан ба шароити замони муосир дар канор мондаанд.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки муассисаи мазкур ҳанӯз соли 1967 ҳамчун мактаби  ҳаштсола сохта шудааст. Баъдтар бо сабаби зиёд шудани хонандагон ва норасоии ҷойи нишаст бинои иловагии таълимӣ сохта, онро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил доданд. Вале, бо мурури замон, бинои дуюм низ мушкили норасоии ҷойи нишастро бартараф карда натавонист.
Тавре ҳамагон шоҳидем, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, аз самтҳои афзалиятноки давлату Ҳукумат маҳсуб ёфта, дар ин самт беш аз пеш тадбирҳои муассир роҳандозӣ карда мешаванд. Дар ин замина, бахусус тайи чанд соли охир  дар саросари кишвар муассисаҳои зиёди таълимӣ сохта, бо технологияи замонавӣ таъмин шуданд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар танҳо дар соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 431 миллиону 516 ҳазор сомонӣ   сарф гардида, 31 ҳазору 679 ҷойи нишаст муҳайё шудааст, ки нишондиҳандаи андак нест.

Аммо, бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам дар самти таъмини сифатноки шароити таълиму тарбия нуқсонҳое ба мушоҳида мерасанд, ки аз масъулин таваҷҷуҳи махсус тақозо менамоянд. Барои мисол, таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 46 - и ноҳияи Сино аз раванди навсозиву мувофиқ кунонидан ба шароити замони муосир дар канор мондаанд.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки муассисаи мазкур ҳанӯз соли 1967 ҳамчун мактаби  ҳаштсола сохта шудааст. Баъдтар бо сабаби зиёд шудани хонандагон ва норасоии ҷойи нишаст бинои иловагии таълимӣ сохта, онро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил доданд. Вале, бо мурури замон, бинои дуюм низ мушкили норасоии ҷойи нишастро бартараф карда натавонист. Соли 1986 аз сабаби кам будани синфхонаҳо устодони мактаб ба як қисми толибилмон ҳатто дар даҳлез дарс мегуфтанд, ки ин, албатта, ба волидон ва худи шогирдон чандон писанд набуд. Чунин шароити маҳдуд ҳамон солҳо сабаб гашту қисми зиёди волидон фарзандонашонро аз ин мактаб гирифта, ба  дигар муассисаҳои таълимӣ бурданд…
Мутаассифона, ҳолати имрӯзаи мактаб низ аз пешина беҳ нест. Имрӯз ин муассисаи таълимӣ, ки ҳамагӣ даҳ синфхона дорад, 725 хонандаро  дар ду баст ба таълим фаро гирифтааст. Ва табиист, ки мушкили норасоии ҷойи нишаст ҳамоно ҳалношуда боқӣ мемонад.
Аз сӯи дигар ҳарчанд намои бинои мактаб ҷолибу таъмиршуда ба чашм мехӯрад, вале дохили он манзараи ниҳоят ногувор дошта, синфхонаҳои тангу торик ва фаршҳои шикаста солҳост, ки ба рафти таълим халал ворид месозанд. Тахтаҳои синфӣ ва мизу курсиҳо, ки муддатҳои тӯлонӣ ба мактабу хонандагони он хидмат намудаанд, кайҳо бояд иваз мешуданд, вале афсӯс чунин нашудааст.
Дар хусуси синфхонаи кимиё, биология ва омодагии дифои ҳарбӣ ҳоҷати сухан ҳам нест. Дар ин синфхонаҳо ба ҷуз чанд овеза ягон ашё ва ё лавозимоте, ки барои таълими ин фанҳо зарур бошад, умуман вуҷуд надорад.
Истифода аз компютерҳо низ маҳз бо сабаби бисёр хурд будани синфхонаҳо маҳдуд аст. Аниқтараш аз 42 компютер танҳо як қисм истифода мегардаду боқимонда бо сабаби набудани ҷой дар гӯшае бекор хобидаанд. Китобхонаи мактаб низ бинои алоҳида надорад ва то имрӯз китобҳо дар вагон нигоҳ дошта мешаванд.
Аҷаб ин ки мактаб на як солу ду сол, балки солҳои тӯлонист, ки  дар чунин ҳолат қарор дорад, вале масъулони соҳа дар роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда дидаву дониста чорае  намеандешанд, ки барои инҷониб худ муаммост. Маҳз ҳамин паҳлуи масъала моро водор сохт, ки дигарбора роҳ сӯи ин муассисаи таълимӣ бигирем.
Ориф Шодмонов, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш роҳбари муассиса таъйин шудааст, дар суҳбат бо мо чунин гуфт: «Баъди таъйин  шуданам ба ин вазифа бо мусоидати шуъбаи маорифи ноҳия аз муассисаҳои таълимии № № 43, 80  120 курсӣ, 6 тахтаи синфӣ ва 6 ҷевони китоб овардем. Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои сарикасӣ ва соҳибкорон мактабро то қадри имкон аз таъмири ҷорӣ баровардем».
Воқеан чунин аст. Тавре болотар гуфтем, намои муассиса ҷои нигаронӣ надорад, аммо мушкили асосӣ ҷои дигар аст ва ҳамоно ҳалношуда боқист.
Аз суҳбат бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои пойтахт Муқаддас Носирзода маълум гардид, ки онҳо аз ҳоли табоҳи мактаб хуб огоҳанд.
- Барои азнавсозии мактаб ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдор мактуб ирсол намудем. Намояндагони мақомот омада, аз муассиса дидан карданд. Қарор аст, ояндаи наздик   муассисаи таълимӣ навсозӣ гардад,- мегӯяд мудири шуъбаи маориф.
Воқеан, тавре Фарҳод Худоёров, муовини сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе низ тасдиқ кард, ҳанӯз се сол қабл пешниҳоди навсозии  мактаб ба раёсати сохтмони шаҳр ирсол гардидааст. Вале мавсуф дар суҳбат, ҳамчунин, иброз дошт, ки аз бобати дар ояндаи наздик навсозӣ шудани муассисаи мазкур  иттилоъ надорад.
Хуллас, танҳо таъмири ҷориву ворид намудани чанд мизу курсӣ, ҷевони китоб ва ё тахтаи синф  роҳи ҳалли проблема нест. Пеш аз ҳама роҳбарияти худи муассисаро зарур аст, ки ҷиҳати ҳар чи зудтар бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораҳои иловагию муассир андешад. Тавре дар урфият мегӯянд: «... мушкиле нест, ки осон нашавад». Бо назардошти шароите, ки имрӯз дорем, таъмири асосии як муассисаи хурди таълимӣ ва ҳатто муҷаҳҳаз намудани он кори чандон миёншикан нест. Таҷрибаи даҳҳо шаҳру ноҳия аст, ки тариқи ҳашар ва ё бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд муассисаҳои зиёди таълимӣ сохтаву мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Яъне аз чунин ҳолати ногувор баровардани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 46 мушкили кӯчакест, ки метавонад дар ҳамкории сеҷонибаи роҳбарияти худи муассиса, шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар як муддати кӯтоҳ пурра бартараф гардад. Вале ин кор кай амалӣ мешавад ва барои фарзандони  ин маҳалла кай шароити  муосиру замонавии таҳсил фароҳам мегардад, аз кӯшишу ғайрат ва муҳимтар аз ин, аз хоҳиши масъулон вобастагии калон дорад. Масъулон агар ба сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат содиқанд, бо итминон бояд гуфт, ки аз уҳдаи ҳалли ин мушкил ба хубӣ мебароянд. Ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Охир офтобро бо доман пӯшонидан имкон надорад.
Бо назардошти муҳимияти масъала мавзӯъ ҳатман пайгирӣ хоҳад шуд!
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2018    №: 31    Мутолиа карданд: 455

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед