logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Бунёди 100 синфхона ва 7 бинои нави таълимӣ

Дар ноҳияи Рӯдакӣ шумораи хонандагон ба зиёда аз 116 ҳазор расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли хониши гузашта беш аз 7 ҳазор нафар зиёд аст. Раванди афзудани теъдоди хонандагон дар мактабҳои ноҳия ҳамасола бунёди ҷойҳои нишасти иловагӣ ва таъминот бо компютеру лавозимоти дигари хонишро талаб менамояд.

Тибқи ҳисоботи раёсати маорифи ноҳия соле бунёди 4 муассисаи таълимии нав бо фарогирии қариб 3 ҳазор хонанда зарур меояд. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони мактабу синфхонаҳои навро дар мадди аввали фаъолияти хеш қарор дода, дар ин самт тадбирҳои саривақтӣ андешида истодааст.
Дар маҷмӯъ соли 2018 маблағгузории соҳаи маорифи ноҳия  аз ҷониби буҷети маҳаллӣ ба 117 миллион сомонӣ баробар шуда, беш аз 100 синфхонаи иловагӣ ва қариб 7 бинои нави таълимӣ бунёд хоҳад ёфт.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раиси ноҳия, изҳор дошт, ки агар афзоиши миёнаи шумораи хонандагон дар кишвар аз 1,5 то 2 дарсад бошад,  дар ноҳияи Рӯдакӣ бинобар сабаби суръати баланди зиёдшавии аҳолӣ аз 6,5 то 7 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин ҳолат сохтмони синфхонаю биноҳои нави таълимиро тақозо менамояд. Соли хониши 2017 – 2018 танҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 – и Ҷамоати деҳоти Гулбутта  17 синфи якум ба қайд гирифта шуд. Дар баъзе синфхонаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҷойи 30 нафар 40 – 48 хонанда таҳсил менамояд.  Хушбахтона, ҳоло бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди 25 бинои нави замонавии таълимӣ омода шудааст ва дар ояндаи наздик бунёди онҳо оғоз меёбад.
- Бо вуҷуди мушкилиҳо мо ба шарофати  сиёсати созандаи Сарвари давлат имконият пайдо намудем, ки кулли хонандагонро сари вақт ба таълим фаро гирем, - гуфт раиси ноҳия.  
 Соҳибназар Сафаров, сардори раёсати маориф, изҳор дошт, ки соли гузашта барои бештар аз 1000 хонанда синфхонаю таълимгоҳҳои нав сохта ба истифода дода шуданд. Айни замон сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 640 хонанда дар як баст дар деҳаҳои Шаҳристони Ҷамоати деҳоти Гулистон, Оби Шифои Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, Ҷӯйбодоми Ҷамоати деҳоти Чортеппа ва муассисаи таълимӣ  дар Ҷамоати деҳоти Султонобод барои 240 ҷойи нишаст ва бунёди 100 синфхонаи иловагӣ дар назди 24 мактаби дигар бо маром ҷараён дорад. Дар сохтмони таълимгоҳҳои нави ноҳия бинокорони Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои дигари сохтмонӣ саҳм гузошта истодаанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 277

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед