logo

Хабарҳо

АКАДЕМИЯ. Баррасии публитсистикаи замони истиқлол

Дар Академияи воситаҳои ахбори омма конфронс таҳти унвони «Публитсистикаи замони истиқлол» баргузор гардид. Дар ҷаласа Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистон ва доираи васеи олимону рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

- Публитсистика, ҳамчун соҳаи алоҳидаи журналис- тика, мавқеи калидӣ доштани худро дар ҳаёти ҷомеа ҳанӯз дар замони кору фаъолияти устод Садриддин Айнӣ собит намуда буд. Маҳз устод Айнӣ дар ҷаридаҳои нахустини оғози асри ХХI - «Бухорои шариф», «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» тавассути мақолаҳои фошкунанда, таҳлилӣ ва раднопазир баромад карда, мардумро ба бедории миллӣ, худшиносӣ ва ҳақталошӣ ҳидоят кард. Ин рисолатро публитсистикаи муосир ҳам иҷро карда истодааст, - изҳор дошт Масрур Абдуллозода.
Мавсуф илова намуд, ки баъди ташаккул ва инкишофи матбуот публитсистика мавқеи худро боз ҳам устувортар карда, то имрӯз дар инъикоси воқеияти рӯз, масъалаҳои муҳиму рӯзмарра ва шахсияту бунёдкориҳои бузург хидмати арзандаеро анҷом дод.
Мурод Муродӣ, профессори ДМТ, нақши матбуоти давриро барои ба таври мусбат дигар кардани мафкураи ҷомеа ва таҳлилу баҳогузорӣ намудани воқеият муҳим арзёбӣ намуд. «Рисолати публитсистика ҳамчун соҳаи мустақили адабиёт аз он иборат аст, ки ҷомеаро ба дуруст қабул ва таҳлил кардани сиёсати давлатӣ, воқеаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва шахсиятҳои бузург раҳнамун мешавад. Масалан, сохтмонҳои бузурги замони истиқлол, иншооти муҳташами фарҳангиву иқтисодӣ ва инсонҳои хидматнишондода маҳз ба воситаи публитсистика ба  таърих  ворид мешаванд. Асарҳои «Нақби Истиқлол» - и Бахтиёр Муртазоев, «Мардистон» - и Шералӣ Мӯсо ва  даҳҳо  очерку  мақолаҳои муҳташам  дар  бораи  хидматҳои  мондагори   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи инҳоянд.
Муаллифони ин асарҳо кӯшидаанд, ки рафти сохтмонҳои бузург ва давлатсозии муосири моро тавассути тасвири рӯзгори сохтмончиён, рафти бунёдкориҳо, мушкилиҳову пешрафти кор ва маишату фароғати онҳо инъикос намоянд.
Иштирокдорони конфронс ба хулоса омаданд, ки донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ба публитсистика таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар раванди ташаккули афкори солиму тараққипарвари мардум ба таври шоиста истифода баранд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 320

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед