logo

иҷтимоиёт

ТАШАББУС. МУШКИЛИ БЕОБӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАД

Мушкили дастрасӣ ба оби тоза дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42 - и деҳаи Ҳусейншайхи Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара, ки аз мушкили умдаи омӯзгорону хонандагон ба шумор меравад, бартараф хоҳад шуд. Зеро, қарор аст, бар асоси татбиқи як лоиҳа моҳи августи соли ҷорӣ ин муассисаи таълимӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардад.
Тасвиби «Созишномаи беруна дар бораи кумак барои амалисозии лоиҳаи бо обтаъминкунии мактаб дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон» дар порлумони кишвар барои иҷрои ин амал заминаи бунёдӣ гузошт. Мусаллама Қодирова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, зимни шарҳи созишнома изҳор дошт, ки он байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардуми Чин дар шаҳри Душанбе имзо шудааст. Маблағи лоиҳавӣ 1971250 доллари амрикоиро ташкил дода, ҳамчун кумаки техникӣ пешниҳод мегардад.
Тибқи лоиҳа кашидани хати оби нушокӣ аз обанбори деҳаи Ғарғара дар масофаи беш аз 5 километр то муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42- и деҳаи Ҳусейншайх бо назардошти сохт- мони обанбори захиравӣ бо ғунҷоиши 250 метри мукааб об дар назар аст. Татбиқи ин тарҳ ба сабзкории ҳудуди муассисаи таълимӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, ки сокинони деҳа низ бо оби тозаи ошомиданӣ  таъмин шаванд. Айни замон дар иншооти мазкур 7 нафар муҳандиси чинӣ ва 25 нафар коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 бо фарогирии 640 хонанда, ҳанӯз соли 2014 мавриди истифода қарор гирифта буд.
Мунаввари САФАР,  Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2018    №: 32    Мутолиа карданд: 303

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед