logo

иқтисод

ОБМОНИИ ЗАХИРАВӢ. ФУРСАТРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

Таркиби сабзавот,  аз ҷумла помидор, бодиринг то 98 ва меваҳо  70 - 80 дарсад об дорад. Барои  сабзиши муътадилу ҳосили баланди сабзавоту мева  ва зироатҳои  дигар намнокии 15 - 22 дарсади хок дар қабати ҷойгиршавии решаҳои онҳо зарур аст. Дар таъмини намнокии хок боришоти табиии фаслҳои тирамоҳу зимистон нақши калон мебозад. Аммо соли 2017 аз нимаи дуюми моҳи июн то имрӯз ҳамагӣ 6 – 7 рӯз боришот сурат гирифта,  заминро 5 - 8 сантиметр  намнок сохтаасту халос. Пас, чӣ бояд кард?
Дар ин ҳолат ба василаи чорабиниҳои агротехникӣ мо метавонем новобаста ба тағйирёбии муҳити экологӣ  сабзиши зироатҳо ва боғу токзорро таъмин намоем. Ҷиҳати сарсабзу хуррам нигоҳ доштани майдони кишти сабзавот, боғу токзор ва зироатҳои дигар кишоварзону ҷангалпарварон  бояд фурсатро аз даст надода, чорабиниҳои заруриро амалӣ намоянд.
Ҳоло барои кишоварзони ҷумҳурӣ  ташкили маъракаи обёрии захиравии заминҳо аҳамияти калидӣ дорад. Беҳтар аст, ки дар  ҷойҳои камоб  тариқи кандани ҳавз дар атрофи бехи дарахтон ва дар заминҳои сероб  бо роҳи кандани ҷӯякҳо обмонии захиравии тамоми майдони боғу токзор ба роҳ монда шавад.  Дар байни қаторҳои боғу токзорҳо  бо назардошти таркиби механикии хок ба дарозии  1 метр  барои обёрӣ ҷӯяк кашидан лозим аст.
Дар ҳама маврид обро бояд бо ҳамон миқдор истифода намоем, ки қабати 1,5 - 2 - метраи  хок намнок гардад. Он  гоҳ барои обёрии дигар зироатҳо дар фасли тобистон мушкилии норасоии об коҳиш меёбад.
Дар заминҳои лалмӣ аз ҳоло дер намонда байни қаторҳоро шудгор, атрофу бехи буттаҳои ток ва дарахтонро нарм кардан зарур аст, то оби боришот, дар хок захира гардад. Ба воситаи шохабурӣ миқдори шоху навдаҳои дарахтонро то 40 - 50 дарсад  кам кардан тавсия дода мешавад.
Пас аз боришоти охири мавсими баҳор хоки бехи буттаю дарахтонро  барои ҳифзи намӣ бо маводи гуногун, аз ҷумла пору, коҳи пӯсида, аррамайдаи чӯб, пардаҳои полиэтиленӣ, тол ва ғайра  рӯйпӯш кардан фоида дорад.
Дар натиҷаи гузарондани тадбирҳои  мазкур аз майдони кишти зироатҳо, боғу токзор ва ҷангалзор  ҳосили дилхоҳ рӯёндан имконпазир аст.
Т. АХМЕДОВ, Н. КАМОЛОВ, С. МАҲМАДАМИНОВ,
ходимони илмии Институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2018    №: 32    Мутолиа карданд: 272

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед