logo

иҷтимоиёт

ҲАЁТИ СОЛИМ МИЁНИ СОКИНОНИ ДУШАНБЕ ТАБЛИҒ МЕШАВАД

Бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии омма дар «Маркази ҷавонон» - и пойтахт вохӯрии намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинон доир гардид.
Зикр шуд, ки ҳифзи тандурус- тии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад ва баҳри беҳбудии сиҳатии омма ва пешгирии бемориҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар барномаҳои зиёди давлатӣ қабул ва роҳандозӣ гардидаанд.
Ба шарофати ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи босамари барномаҳои соҳавӣ хавфи пайдоиши аксар бемориҳои сироятӣ ба куллӣ коҳиш ёфта, на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар саросари кишвар дар самти табобат ва муолиҷаи беморон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам, дар байни сокинони шаҳри Душанбе, бахусус ҷавонони синну соли никоҳӣ ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва миёнаи умумӣ аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.
- Соли гузашта бо дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат ва ибтикори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт 80 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин аз ғамхории Сарвари давлат, Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳр нисбат ба солимии сокинони пойтахт шаҳодат медиҳад. Инчунин, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани саломатии наврасону ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз ҳар гуна омилҳои номатлуб соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 92 майдончаи дигари варзишӣ сохта,ба истифода дода мешавад, - зикр шуд дар ҷаласа.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2018    №: 32    Мутолиа карданд: 264

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед