logo

сиёсат

ШАҲРАМОНРО ДӮСТ ДОРЕМ! ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД

Гурӯҳи корӣ, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо намудани пойтахти мамлакат, боло бурдани сатҳи фарҳанги шаҳрнишинӣ, татбиқи  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъсис дода шуд, ба фаъолият оғоз намуд.

Ба ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вакилони маҳаллаҳо, арбобони фарҳанг  ва фаъолони пойтахт дохил буда, онро Мавсума Муинӣ, муовини соҳавии раиси шаҳр, роҳбарӣ менамояд.
Тавре Мавсума Муинӣ, роҳбари гурӯҳ, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар вохӯрии нахустин, ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  № 28 бо омӯзгорон ва истиқоматкунандагони маҳаллаи 23 – юми ноҳияи Фирдавсии   пойтахт доир гардид, сокинон аз ғамхорию дастгириҳои Пешвои миллат ҷиҳати ободонии бесобиқаи шаҳри Душанбе сипосгузорӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои сарсабзу зебо, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр ва ҳифзи арзишҳои волои он талош хоҳанд варзид. Танҳо давоми соли гузашта дар Душанбе садҳо биноҳои истиқоматӣ ва таъйиноти иҷтимоӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои истироҳатӣ ва 80 майдончаи варзишӣ бунёд ёфт. Ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба вазъи хизматрасонии нақлиётӣ автобус, микроавтобус ва мошинҳои сабукрави нав харидорӣ шуда, истгоҳҳо ва таваққуфгоҳҳои нави нақлиётӣ ва терминалҳои мусофирбарӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Вазъи таъминот бо оби нӯшокӣ ва гармӣ беҳтар шуд. Айни ҳол наврасону ҷавонон дар майдончаҳо ба варзиш машғуланд ва ин ҳол боиси ба куллӣ коҳиш ёфтани гаравиши ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои тундгаро ва террористӣ гардидааст.
Дар баробари ин, ҳолатҳои зиёди беэҳтиромӣ ба арзишҳои миллӣ, ифлос кардани кӯчаю хиёбон ва майдонҳо, халал расондан ба ҳаракати нақлиёт, дағалию бадмуомилагӣ дар нақлиёти мусофирбар ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ, шикастану вайрон кардани таҷҳизоти иншооти навбунёди варзишӣ низ табъро хира месозанд. Рафторҳои дигари барои сокинони пойтахт нолоиқ низ ба мушоҳида мерасанд.
Тавре роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ гуфт, вохӯриҳо аз рӯи нақшаи чорабиниҳо ҳафтае ду – се  бор бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони идораю корхонаҳои шаҳр баргузор мегарданд. Тарғиби одоби шаҳрнишинӣ мутобиқ ба «Маромномаи сокини пойтахт», либосу фарҳанг ва арзишҳои дигари миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротгарою террористӣ, ҳифзи аҳли оила аз нашъамандӣ ва бемориҳои сироятӣ низ аз ҳадафҳои муҳими фаъолияти гурӯҳи тарғиботианд.
Тибқи қарор, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони идораю корхонаҳои шаҳр ҷиҳати мусоидат намудан барои дар сатҳи баланд ва босамару ҳадафрас баргузор кардани вохӯриҳо муваззаф шудаанд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2018    №: 32    Мутолиа карданд: 308

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед