logo

Хабарҳо

Ширкати "Хитойатом" "Аргус"-ро маблағгузорӣ хоҳад кард

- Ширкати технологияи ҳастаии  «Хитойатом» дар фаъол намудани реактори атомии «Аргус» моро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ хоҳад кард, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Тибқи лоиҳа «Аргус» бояд то соли 2020 барқарор гардад ва фармоишгари фаъол намудани он Академияи илмҳо буда, Корпоратсияи давлатӣ оид ба энергияи атомии «Росатом» ва «Маркази миллии тадқиқотии ба номи И. Курчатов» - и  Русия роҳбари илмии лоиҳа маҳсуб меёбанд. Назорати лоиҳаро аз нигоҳи бехатарӣ  Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба зимма дорад.
- Дар ин маврид, аллакай мувофиқаи сеҷониба ҳосил шуда, санади дахлдор ба имзо расидааст,- гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Зикр гардид, ки соли 2017 олимони академия барои дастовардҳои илмиашон 16 патенти ҷумҳурӣ, 1 патенти ИМА ва 3 қарори мусбат оид ба гирифтани патент ба даст оварданд.
Олимон ва мутахассисони Маркази  рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав дастгоҳи офтобии  термоэлектрикии  гибридӣ бо консентратори параболашаклро  коркард ва аз озмоиш гузаронданд. Он барои намоиш ва таълим истифода хоҳад шуд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 70

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Ванҷ. Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

ХАТЛОН. Ба ҳунар арҷ мегузоранд

ИШКОШИМ. Беморон таҳти назорат қарор доранд

Хадамот ба буҷети мамлакат 92799, 26 сомонӣ ворид намуд

"ТОҶИК – ЭЙР". Камбудиҳо бартараф мешаванд

АГЕНТИИ ОМОР. Пешниҳоди шакли нави ҳисоботи ҷойҳои кории навтаъсис

Шералӣ Сиддиқзода: "Шароити муосири таҳсилро фароҳам меорем"

Агентӣ 1980 ҷинояти коррупсиониро ошкор кард

Бекоршавии ақди никоҳ аз мушкилоти мубрам боқӣ мемонад

14.02.2018


ҲИСОР. Аз таъмини дурнамои пахта то иҷрои барзиёди даромади буҷет

КБА яхбандиро сабаби садамаи ҳавопаймои Ан-148 номид

СММ: «Гурезаҳои Мянмаро фоҷиаи нав дар пеш аст»

Ҳиҷрат ба Аврупо тавассути баҳри Миёназамин коҳиш ёфт

Дар Қирғизистон мубориза бо коррупсия миёни қудратиён сахттар мешавад

Қатар барои дучархаронҳо роҳҳои нав месозад

13.02.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Тоҷикистону Қазоқистон Масоили мубрами ҳамкориҳо матраҳ гаштанд

Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар

Ширкати "Хитойатом" "Аргус"-ро маблағгузорӣ хоҳад кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед