logo

фарҳанг

МАРКАЗИ КАМОЛШИНОСӢ НУСХАҲОИ НОДИРИ ХАТТИРО АЗ ХОРИҶА ҶАМЪ ОВАРД

Ҳадаф ва самтҳои асосии фаъолияти Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз кардааст, анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масоили мубрами адабиёт, таърихи халқ ва миллати тоҷик, ҳаёт ва эҷодиёти Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ҳамзамонони шоир ва бузургони илму адаби даврони ӯ мебошад.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар иҷрои ин дастури Сарвари давлат барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ дар соли 2020 корҳои муҳимро ба нақша гирифтааст. Яке аз чунин иқдомҳои созанда ба фаъолият шурӯъ кардани Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» аст, - иттилоъ дод директори он Баҳром Раҳматов.
Муассисаи мазкур дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷойгир буда, ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмӣ, аз ҷумла пажӯҳандагони адабиёт, таърих ва ҷомеашиносӣ низ ҳиммат гумоштааст. Аксари кормандонро ҷавонон ташкил дода, бештарашон забонҳои арабӣ, туркӣ ва русиву англисиро медонанд ва дар таҳияву баргардони матнҳои қадимӣ таҷрибаву малакаи матншиносӣ доранд.
Масъулони маркази Камоли Хуҷандӣ то имрӯз нашри зиёда аз 40 китоби нодир ва тасҳеҳи 30 китоби арзишманди илмиро ба сомон расонданд, ки аз ҷониби пажӯҳандагону устодони сухан истиқболи гарм ёфт.
- Тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафоратхонаҳо бо китобхона ва ганҷинаи дастхатҳои кишварҳои хориҷа, бахусус Ҳиндустон, Туркия, Миср, Ӯзбекистон, Покистон, Афғонистон, Олмон ҳамкорӣ сурат гирифта, аз ин кишварҳо нусхаҳое аз дастхатҳои девони Камоли Хуҷандӣ ба даст оварда шуд. Дар баробари ин, бештар аз бист нусхаи дастхатҳои нодири шоирону олимони тоҷик аз давлатҳои номбурда дастрас шуд. Афзун бар ин, аз «Ганҷинаи дастхатҳои шарқии ба номи А. Мирзоев” - и Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар марказҳои дастхатнигоҳдории ҷумҳуриамон дастхатҳо гирифта шуда, робитаи илмӣ мустаҳкамтар гардид, - афзуд Б. Раҳматов.
Соли сипаришуда ба ифтихори Соли ҷавонон дар назди марказ маҳфили ҳармоҳаи «Камолшиносони ҷавон» ташкил ёфта, то имрӯз даҳҳо пажӯҳандагони пӯёи вилоятро гирди худ ҷамъ овардааст. Дар ин робита, директори марказ зикр кард, ки 90 дарсади кормандони муассиса аз синни 30 поёнанд. Ин агар аз як тараф бозгӯи сиёсати хирадмандонаву фарҳангсолоронаи Пешвои миллатро ҷиҳати дастгирии ҷавонон баён созад, аз сӯи дигар ба худшиносии миллӣ гароиш кардани ҷавонони моро нишон медиҳад.
Б. САЛИМОВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2018    №: 33    Мутолиа карданд: 306

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед