logo

иқтисод

МУРҒОБ. ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Сафари афсонавӣ
Маркази маъмурии ноҳия - шаҳраки Мурғоб дар канори дарёи Оқсу, ки сокинони ин диёри дурдаст ва баландкӯҳ онро рӯди ҳаётбахш меноманд, воқеъ гардидааст. Баъди паймудани роҳи  қариб 320 -  километраи Хоруғ - Ҷелондеҳ- Аличур яку якбора аз гардишгоҳи мавзеи Муҳаммадзоҳир дар пеши чашми бинанда шаҳраке  намудор мешавад, ки ҳамаи иморатҳои он сап- сафеданд. Барҳақ, дар муҳити якранги нимбиёбонӣ ва терескензор дидани ин  макони аҳолинишини сафедгун хушу гуворост.
Дар бораи  гузашта ва имрӯзаи шаҳрак Мурзабай Ҷоошбаев, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб, маълумот дода, гуфтанд, ки дар замони шӯравӣ роҳбарони вақти  ҷумҳурӣ ва вилоят парвои ба ҷо овардани амалҳои бунёдкорӣ ва ободкориро надоштанд. Боре ҳам  онҳо дар тӯли қариб ҳаштод сол ба ин диёри дурдаст қадам ранҷа нанамуданд ва аз ҳоли мардум   воқиф нагаштанд.  Онҳо аз мардуми қутоспарвару гӯсфандпарвари тоҷику қирғиз танҳо зиёд кардани саршумори чорво ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулотро талаб мекарданду халос.
Мурғоб аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ назар ба дигар шаҳру навоҳии Бадахшон хеле қафо монда буд. Иморатҳои маъмурӣ ва  манзилҳои истиқоматӣ якқабата буда, бисёрашон ҳатто болопӯш надоштанд. Қариб ҳаштод дарсади чорводорон дар хаймаҳо умр ба сар мебурданд. 
Танҳо қадами мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба мардуми ин сарзамин файзу ободӣ овард ва дар рӯзгорашон саҳифаҳои нави рангин кушод.
Ҳанӯз баъди нахуст сафари корӣ ва мулоқот бо мардум бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Мурғоб» қабул гардид. Дар ин фосилаи вақти кӯтоҳ дар марказ ва  панҷ ҷамоати деҳоти ноҳия бештар аз 40 иншооти иҷтимоӣ, коргоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ, тиббӣ, клубу китобхонаҳо, биноҳои филиали бонкҳо   ва садҳо  манзилҳои истиқоматӣ бунёд ёфтанд. Ҳамзамон,  бо супориши  Пешвои миллат бештари хонаводаҳои ноҳия бо батареяҳои офтобӣ таъмин гаштанд. Тамоми аҳолии ноҳия   барномаҳои  шабакаҳои телевизиони Тоҷикистонро тамошо мекунанд, алоқаи мобилии телефонӣ дар дурдасттарин авулҳо низ дастрас аст. Ҳамаи мактабиён  аз компютер ва таҷҳизоти  ҷадиди таълимӣ истифода мебаранд. Чорводорон низ соҳиби хонаҳои нав шуданд, - гуфт Мурзабай Ҷоошбаев.
   
Рушди чорводорӣ
Дар айёми омодагиҳо ба 30 - юмин солгарди  Истиқлолияти давлатии кишвар чорводорони тоҷику қирғиз қутос, бузу гӯсфанд, галаҳои аспу  шутурро дар чарогоҳҳои паҳновар парвариш менамоянд.
Султон Парманов, собиқ муҳаррири рӯзномаи «Сари кӯл» - нашрияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб, гуфт, ки   дар даврони муноқишаҳои бемаънии шаҳрвандӣ сокинони бумии ин сарзамин ба пайдо шудани ягон дастаи иғвогар дар  ин минтақа роҳ надоданд ва моликияти халқу давлатро чун гаҳвараки чашм нигаҳдорӣ карданд.
Аз рӯи маълумоти  оморӣ, соли 1990 дар ноҳия саршумори қутос 18 ҳазор ва моли майда 48 ҳазор сарро ташкил  медод. Ҳоло саршумори қутос ба 22480 ва бузу гӯсфанд ба 74300  сар расидааст.
Чорводорони  ноҳия  таъминкунандагони асосии бозорҳо, марказҳои савдо  ва муассисаҳои хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо гӯшт ва маҳсулоти дигари чорводорӣ мебошанд. Ҳамчунин, тайи солҳои охир гӯшти қутоси аз ҷиҳати экологӣ тоза ва парҳезӣ ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар низ ворид карда мешавад.
   
 Шоҳроҳи ҳаёт
- Дар аввалин солҳои истиқлолият - вақте ки бо роҳи Ош - Мурғоб - Хоруғ мошинҳо хеле кам ҳаракат мекарданд, мардум ба таҳлука афтода, гумон менамуданд, ки ин роҳи баландкӯҳ баста мешавад. Аз ҳамин сабаб чандин хонаводаҳо ба Ҷумҳурии Қирғизистон кӯч бастанд ва дар кишвари бегона ба мушкилоти зиёд гирифтор шуданд. Маҳз бо дастуру супоришҳои  Президенти кишвар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ - Мурғоб - Қулма оғоз гардид ва дар кӯтоҳтарин фосилаи вақт  ин роҳ сохта шуд ва мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшид,- гуфт Мурзабай Ҷоошбаев.
Баробари сохта шудани шоҳроҳ дар саросари  Помири Шарқӣ  амалҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ оғоз шуданд. Дар маркази ноҳия бозори калон бо номи «Сари кӯл», аз ҷониби соҳибкорон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои давлатии вилоят ва ноҳия   меҳмонхонаи замонавии дуошёна, қаҳвахонаҳо, ошхонаю чойхонаҳо  ва чандин нуқтаҳои хизматрасонии замонавӣ бунёд гаштанд.
Ба андешаи раиси ноҳия тоҷикон ва қирғизҳо, сокинони бумии ин  диёр,  мегӯянд танҳо бунёди ин шоҳроҳ дар даврони истиқлолият басанда аст, ки номи Пешвои дилсӯз ва ғамхори миллатро мардуми Боми ҷаҳони тоҷик асрҳои аср дар хотирҳо нигоҳ доранд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2018    №: 33    Мутолиа карданд: 290

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед