logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва мулоқот бо омӯзгорон ва кормандони масъули соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, 14 феврали соли 2018

Устодону омӯзгорони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати оғози фаъолияти боз як муассисаи таълимӣ дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе самимона табрик мегӯям.
Нахустин мулоқоти Роҳбари давлат дар соли 2018 бо шумо, муҳтарам омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе оғоз гардид, ки фикр мекунам ин агар аз як тараф нишонаи ғамхории давлат ва Ҳукумат нисбат ба аҳли маориф бошад, аз сӯи дигар масъулияти онҳоро боз ҳам бештар мегардонад.
Соҳаи маориф бо дарназардошти аҳамияти бузурги кори таълиму тарбия барои ояндаи давлат ва миллат аз ҷумлаи соҳаҳое мебошад, ки бояд пайваста дастгирӣ карда шавад. Бинобар ин, тавре ки мушоҳида мекунед, Ҳукумати мамлакат ҳамаи имкониятҳоро ба рушди соҳа равона карда истодааст.
Чанде пештар дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумат бори дигар таъкид кардам, ки мо бояд бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо сатҳи маърифату дониши наврасонро баланд бардорем. Зеро рушди ояндаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз кадрҳои соҳибмаърифату донишманд вобаста мебошад ва дар амалӣ намудани ин ҳадафи нек бояд, пеш аз ҳама, омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф нақши муассир дошта бошанд.
Тавре дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар зикр гардид, дар натиҷаи роҳандозӣ намудани як силсила ислоҳоту иқдомоти ҷиддӣ соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи чор нишондиҳанда - дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлат ҷойи 54 - ум ва дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намуд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба воя расондани кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ва омода кардани неруи нави бунёдкор танҳо дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифро 2,3 баробар зиёд карда, аз 1 - уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро боз 15 фоиз баланд мебардорад.
Дар ин раванд, фақат соли 2017 дар ҳудуди кишвар ба маблағи умумии беш аз 430 миллион сомонӣ 130 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои қариб 31 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супурда шуданд. Соли сипаришуда дар шаҳри Душанбе 13 муассисаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар 17 иншооти дигари соҳаи маориф, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои сохтмон бомаром идома доранд.
Тавре ки мо мушоҳида кардем, дар муассисаи таълимии имрӯза тамоми шароити муосири зарурӣ барои хонандагон ва омӯзгорон муҳайё карда шудааст.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба лоиҳакашону меъморон, сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди чунин бинои зебои замонавӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.
Ба шумо, фарзандони азиз – шогирдони ин муассисаи таълимӣ насиҳати ман ин аст, ки аз шароити бароятон муҳайёгардида истифода карда, хуб хонед, илму дониш омӯзед, боодоб бошед ва ифтихор кунед, ки сокини пойтахти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳастед. Ва фаромӯш накунед, ки тақдири ояндаи давлати озоду соҳибихтиёрамон дар дасти шумо хоҳад буд.
Муҳтарам омӯзгорон ва масъулини соҳаи маорифи пойтахт!
Ман қариб дар ҳамаи мулоқоту суханрониҳои худ хотиррасон ва таъкид месозам, ки бо вуҷуди ғамхориву дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат сифати таълиму тарбия, хусусан дар мактабҳои пойтахт ҳанӯз ҳам моро қаноатманд карда наметавонад.
Худатон хуб медонед, ки шароити таълим дар мактабҳои шаҳри Душанбе нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бамаротиб беҳтар аст ва камбудиҳои ҷойдошта бо саъю кӯшиши роҳбарияти шаҳрдорӣ дар ояндаи наздиктарин бартараф карда мешаванд.
Бинобар ин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва шумо - омӯзгоронро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо падару модарон барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани раванди донишомӯзӣ чораҳои иловагӣ андешида, кори таълиму тарбияро тарзе ба роҳ монед, ки шогирдони шумо аз ҳар лиҳоз намунаи ибрат бошанд.
Итминони комил дорам, ки шумо - омӯзгорон ва кормандони масъули соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, минбаъд барои тарбияи насли сазовори замони истиқлолият ва фарзандони арзандаи миллати бостониамон бештар заҳмат мекашед ва ба ин васила дар амри ободии Ватан ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзишманд мегузоред.
Бори дигар ҳамаи шумо - устодону шогирдони муассисаи навбунёди имрӯзаро ба муносибати ифтитоҳи боз як макони илму боргоҳи маърифат табрик гуфта, бароятон саломативу саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2018    №: 34    Мутолиа карданд: 503

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед