logo

сиёсат

ХОВАРИ МИЁНА. ВАЗЪ ҶИДДИТАР АЗ ОН АСТ, КИ МЕПИНДОРЕМ

Вазъи мураккаби сиёсию иҷтимоӣ ва идомаи раванди буҳронӣ дар минтақаҳои даргири Ховари Миёна аз оғози соли 2018 собит намуд, ки ҳанӯз дар бораи оромӣ ва расидан ба сулҳу субот муҳокимаронӣ намудан бармаҳал аст. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид: «Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ  амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад».
Тибқи таҳлилҳои коршиносон, баъд аз маҳви марказҳои асосии идоракунӣ ва зерсохтори умумии созмони террористии ДИИШ доир ба дурнамои муътадил намудани вазъият дар минтақаҳои ҷангзадаи Ироқ ва тамоми қаламрави Сурия гуфтушунидҳо бисёр бо мушкилӣ, бархӯрди манфиатҳо бо номуайянии том сурат мегиранд. Сабаби асосӣ дар он аст, ки байни кишварҳои манфиатдори минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба ҳалли ин масъала на танҳо мавқеи ягона вуҷуд надорад, балки ба ҳам наздик омадани манфиати тарафҳо низ ҳанӯз дар назар гирифта нашудааст. Конфронсе, ки рӯзҳои 30 - 31 январи соли 2018 зери унвони «Конгресси муколамаи миллӣ» дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардид, як ҳайати 1500 нафараро аз намояндагони табақаҳои гуногуни мақомоти ҳукуматӣ ва сарварони гурӯҳҳои мухолифини Сурия ба ҳам овард. Ҳадафи асосӣ хотима бахшидан ба ҳама гуна низоъҳо ва ҷангҳои дохилӣ дар ин кишвар, барқарор намудани зерсохторҳои харобшуда ва шурӯъ намудани муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи нави Сурия эълон гардид. Албатта, ин иқдом ҳанӯз оғози кор аст, зеро даргириҳо ва муқовиматҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвари ҷангзада идома доранд.
Гузашта аз ин, торумор шудани зерсохторҳои соз- мони террористии ДИИШ ва андаруни кишварҳои гуногун фирор кардани як теъдоди муайяни ҷангиёни он боиси пайдоиши таҳдиду хатарҳои глобалии нав гардида, ҳамакнун ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва марзҳои ҷанубии ИДМ бо Афғонистон таъсиргузор шудааст. Хусусияти буҳронӣ касб намудани ин равандро 26 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Маскав ба таври махсус таъкид намуданд. Дар рафти мубодилаи афкори озоди сарони давлатҳо Пешвои миллат тамоюлҳои хатарноки  соли 2017 - ро дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёни вохӯриро ба яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, яъне ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон ҷалб намуданд ва зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамдастӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалиро таъкид карданд. Вобаста ба ин масъала ва дигар вазифаҳои дарпешистодаи ИДМ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муқаррароти асосии Консепсияи раисӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2018 шарҳ доданд. Суханронии Сарвари давлат идомаи ҳамон дастуру супоришҳое буданд, ки дар Паёмашон таъкид гардида буд: «Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад».
Амалан мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ дар сарҳадҳои берунӣ, аз ҷумла дар марзҳои ҷанубии ИДМ, иҷрои пайгиронаи барномаву нақшаҳо ва бунёди минтақаи амниятиро дар ин самт пайгирона роҳандозӣ менамояд, то ки фазои сулҳу субот ва истиқрор дар минтақа ҳифз шавад. Аз ҷониби дигар, вазъияти зуд тағйирёбандаи байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии мо тақозо менамояд, ки ба масъалаи ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. 
Ф. БАРОТЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2018    №: 35    Мутолиа карданд: 300

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед