logo

фарҳанг

АШАГЛОНИ РОСТИНА

Аз қадим фарҳанги мардуми мо таронаҳое, ки ақоиди бостонии инсонҳоро роҷеъ ба ҳаводиси табиат ва воқеаҳои зиндагӣ иброз намудаанд, мавқеи муҳим доранд. Чунин таронаҳоро «сурудҳои афсунӣ» гуфтан ҷоиз аст. Тавассути таронаҳои афсунӣ мардум ҳар гуна ҳаводиси нохуши табиат ва рӯзгорашонро пешгирӣ карда, бо ин роҳ ба зироаташ хайру баракат таманно менамуд. Масалан, ҷиҳати раҳоӣ аз нохушиҳо маросиме ташкил мекарданд, ки он дар байни  мардуми водии Хатлон, Рашт як қисми водии Ҳисор «Ашаглон» ва байни мардуми Ҳисор, Сурхандарё, Қашқадарё, Бухоро, Самарқанд, водии Фарғона «Сусхотун», «Сусмомо», «Ялконхотун», «Момои борон», «Чилахотун», «Тӯи Сусмомо» ва ғайра ном дошт. Иҷрокунандагони маросим, ки асосан пиразанҳо буданд, ба Ашаглон - Худои борон, ки дар «Авасто» бо ин симои обу ободонӣ ва баҳру дарёҳо бо номи Аноҳито мавҷуд аст, муроҷиат мекарданд, ки борон фирис- тад:
Ашаглони ростина,
Як бор биҷунбон остина,
Ғаллаи сабзам қоқ шуд,
Як бор бирезон боруна.

Дар қаринаи дигари суруди мазкур «Сусхотун», ки матлаби боронталабии мардум боз ҳам возеҳ ифода ёфтааст ва онро тоҷикони шаҳрҳои марказу шимол чунин тараннум менамуданд:
Борон, борон, Сусхотун!
Село равон, Сусхотун!
Гандумако ташна монден,
Гунҷишкако гушна монден,
Сусхотун, Сусхотун!
Сағирако ҳайрон монден,
Беваяко гирён монден,
Сусхотун, Сусхотун!
Дар назми мавсимӣ дар мавзӯи табиат ва ҳодисаҳои он таронаҳои бисёр эҷод гардидаанд. Дар онҳо образи асосӣ абру борон, замин ва кишти деҳқон мебошад. Дар аксар таронаҳои мавсимии баҳорӣ атфол ба табиат рӯ оварда, боисрор боридани боронро талаб намудаанд:
Борон биё, борон биё,
Ба чӯли чӯпонон биё!
Ба деҳи деҳқонон биё!
Ба боғи боғбонон биё!

Дар бисёрии чунин таронаҳо орзуву ормони хурдтаракон таҷассум ёфтааст. Ҷаҳонбинӣ ва доираи назари атфол роҷеъ ба ҳодисаҳои табиат, муҳити атроф ва зиндагӣ хеле сода ва мушаххас аст. Онҳо ба абри даргузар чун ба рафиқи худ муроҷиат намуда, онро ба зиёфат даъват менамоянд. Бо ин роҳ омадани борон, фаровонии шир ва ҳосили зироатро мехостаанд:
Абри гузар,
Бинмо назар.
Шӯрбо пазам,
Хӯрда гузар.
Ягон- ягон
Чакида гузар.

Атфол дар таронаи зайл манфиати борони баҳориро барои зироат ва  кишти гандум махсус таъкид намудаанд:
Борон борад ба ёбон,
Алаф шавад ба говон.
Гандум шавад ба деҳқон.
Додом гандум биёранд,
Нон шавад ба моён.

Тоҷикон борони моҳи ҳамалро «борони найсон» меноманд. Тибқи ақидаи инсонҳо борони найсон барои деҳқон дурру гуҳар меоварад, ҳосилро фаровон мегардонад, кӯҳу даман, талу теппа ва дашту биёбонро файз мебахшад.
Эй абри найсон,
Борон фиристон.
Ҳосили киштро,
Бисёр гардон.
Борони баҳор,
Дурру гуҳар ор.
Ганҷи пурбаҳо,
Орад бар моҳо.

Пунба аз қадимулайём яке аз зироатҳои муҳим ва хеле зарурии халқи мо мебошад. Дар сурудҳои баҳории мардум ин соҳаи шуғли деҳқонӣ низ инъикос ёфтааст. Деҳқонон таҷриба кардаанд, ки яке аз омилҳои фаровонҳосилии зироати пунба кишти барвақтӣ ва обу ҳавои мусоиду муътадил мебошад. Дар таронаи зайл деҳқони пунбакор ба табиат муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки боронро сари вақт расонад:
Борон бор тез - тез,
Қатра - қатра рез - рез.
Дар замино об деҳ,
Пахта шавад ҳосилхез.

Баҳорон борон, ки ба боридан шурӯъ кард, бачаҳо таронасароӣ мекарданд:
Шибир - шибир борон шуд,
Мавсими баҳорон шуд.
Оламе гулистон шуд,
Вақти кори деҳқон шуд.
Рӯзии АҲМАД,
фолклоршинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2018    №: 35    Мутолиа карданд: 571
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед