logo

фарҳанг

ИСТИЛОҲШИНОСӢ. БАРДОШТ АЗ ЯК ТАҲҚИҚОТИ АРЗИШМАНД

Истилоҳ ва истилоҳшиносӣ дар замони муосир аз масоили мубрам ва муҳимтарини илми забоншиносӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро бо зуҳуру пешрафти илмҳои гуногуни техникӣ ба иттилои мардум расондани навгониҳои илму фан маҳз бо истифода аз имконоту иқтидори забони модарӣ беҳтару муассиртар муяссар мегардад. Мутаассифона, айни замон забони тоҷикӣ бо вуҷуди собиқаю салиқаи дерин ва таърихи куҳани пурифтихор  наметавонад бо истифода аз захираи луғавии худ истилоҳоти фанҳои дақиқ ва техникиро ба пуррагӣ ифода намояд. Илова бар ин, мутахассисони ин соҳаҳо аз сабаби истифода накардани имконияту иқтидори калимасозию истилоҳнигории забони тоҷикӣ аксаран истилоҳоти соҳаҳои номбурдаро дар шакли иқтибоси тайёр қабул карда, даъво пеш меоранд, ки забони тоҷикӣ имкони ифодаи истилоҳоти соҳаҳои техникиро надорад.
Вале тадқиқоти солҳои охир дар заминаи забони илм ва истилоҳшиносӣ анҷомдодаи доктори илми филология Мирзо Ҳасани Султон собит мекунад, ки забони тоҷикӣ тавассути эҳёи шоҳраги истилоҳнигории он имкону тавони ифодаи нозуктарин ва печидатарин мафҳумҳои илму фанни муосирро дорад ва дар ифодаву баёни мафҳумҳои нави илму фан аҷзу нотавониро набояд дар забон, балки дар худи мо, дақиқтараш дар забондонии мо бояд ҷуст.
Андешаҳои муҳаққиқ оид ба даст ёфтан ба забони илм ва ташаккули истилоҳоти илмӣ аз асарҳои илмии ӯ “Язык науки и терминология” ва “Мушкилоти забони илм ва истилоҳот” бармало ба мушоҳида мерасад.
Китоби «Мушкилоти забони илм ва истилоҳот» маҷмӯаи мақолаҳои илмии ӯро дар бар гирифтааст. Муҳаққиқи нуктасанҷ дар мақолоти маҷмӯа дар хусуси таърихи ташаккулу таҳаввули вожагону истилоҳот, вижагиҳои вожасозиву вожагузинӣ дар забони тоҷикӣ,  дарку фаҳми дақиқи истилоҳоти илмӣ ва тарзи дурусти истифодаи онҳо бо истинод ба маъхазҳои илмиву адабӣ ва забоншиносиву таърихӣ изҳори назар кардааст.  Дар он муҳаққиқ аз ғановати осори илмии боқимондаи забони форсӣ - тоҷикӣ ёдовар шуда, зарурати пайванд додани забони илми гузаштаро ба замони имрӯз ва давлатдории миллӣ муҳим ва сарнавиштсоз арзёбӣ мекунад.
Он ҳушдорест, ки муҳаққиқ хонандаро ба худшиносию  худогоҳии миллӣ фаро мехонад: “Ин матлаб бар касе пӯшида нест, ки ниёгони шарафманди мо дар қатори чиниён, ҳиндувон, бобулиён, юнониён, румиён ва мисриёни қадим аввалин хиштҳои ободонии ҷаҳонро гузоштанд, илму фарҳанги ҷаҳониро поягузорӣ карданд ва номи худро бо ҳуруфи заррин дар сафаҳоти таърихи банӣ башар сабт намуданд. Имрӯз вақти он аст, ки мо ба неруи ақлонии созандаи худ эътимод кунем ва дар роҳи бунёди давлати миллӣ, ривоҷи илму фан ва рушди забони илмии миллӣ талош варзем ва дастаҷамъона ҷидду ҷаҳд намоем”.
Ба ақидаи муҳаққиқ аксари қадимтарин осори илмии форсии дарӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр таълиф шудаанд ва ё аз ҷониби муаллифоне навишта шудаанд, ки аз ин манотиқ бархостаанд. Бинобар ин, бо сароҳат метавон гуфт, ки Хуросону Мовароуннаҳр на танҳо макони ташаккули забони адабии форсии тоҷикӣ, балки, ҳамчунин, маҳди ташаккули забони илм ба ин забон низ маҳсуб мегардад.
Муҳаққиқ дар бобати забонҳои давраи миёнаи эронӣ: форсии миёна, суғдӣ, хоразмӣ, тахорӣ (бохтарӣ), хутанӣ (хутанӣ-сакоӣ) бо такя ба манобеи муътамади илмию таърихӣ маълумот дода, аз мавҷудияти забони форсии дарӣ дар охири аҳди Сосонӣ ҳадди ақал дар шимолу шарқи Эрон (Хуросону Мовароуннаҳр) иттилоъ медиҳад. Муҳаққиқ, ҳамчунин, ҳампайвандии забонҳои портӣ ва форсии дариро бо муқоисаи услубии сурудаҳои хусравонии Борбади Марвазӣ ва чанд порча аз суруди «Дарахти Ассурик» ба исбот мерасонад.
Дар китоби «Язык науки и терминология» замина ва омилҳои таълифи осори ҳандасӣ, риёзӣ, ҷуғрофӣ, нуҷумӣ, фалсафӣ, тиббӣ ва ташаккулу такомули истилоҳоти илмҳои ҳандаса, шумор, ҷуғрофия, нуҷум, фалсафа ва тиб таъйину тадқиқ гардидааст, ки аксари ин истилоҳоти асил имрӯз низ имкон дорад мавриди истифода қарор бигирад.
Ин ду асари илмии Мирзо Ҳасани Султон саҳми барҷастае дар ганҷинаи забоншиносии тоҷик (хусусан вожасозӣ ва истилоҳнигорӣ) буда, муҳаққиқ бо ин асарҳояш уфуқҳои наверо барои пешрафту шукуфоии забони илм дар Тоҷикистон боз намудааст.
Нурмуҳаммад ОДИНАЕВ,
ходими илмии Институти забон
ва адабиёти ба
номи Абубадуллоҳи Рӯдакӣ,
Қутбиддин МУХТОРӢ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2018    №: 35    Мутолиа карданд: 353

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед