logo

сиёсат

ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ АСТ. РИЁКОРӢ ФАЗОИ НАҲЗАТИРО ПЕЧИДАТАР КАРД

Тавҳин ба давлату миллат, ҳуҷуми иттилоотӣ ва мафкуравии наҳзатиҳои фирорӣ алайҳи манофеи ҷомеаи тоҷик ба ҳадде ифротӣ шуд, ки гурӯҳҳое аз дохил ва ҳампаймонҳои худро дилсард ва дар сангарҳои муқобил гузошт. Ё амалкарди муғризонаи аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИТ ахиран,  риёкории роҳбарияти онро ба намоиш гузошта, бори дигар парда аз чеҳраи ифротгароёнаи душманони миллатро дарафканд.

Қатъи ҳамкориҳои «Гурӯҳи 24», як созмони мухолифи худхонда, вале дар асл худбохтагони раҳгумзада, ба далели «сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолати муғризонаву бенатиҷаи ҲНИТ» нишон дод, ки ин ташкилоти террористӣ – экстремистӣ, ҳатто қодир аст барои манофеи худу хоҷагони хориҷиаш бо ҳампаймонҳои худ дар ситез бошад. Ин ҳақиқатро метавон ба осонӣ дар олами маҷозии интернет ва баҳсу баррасиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи риёкориҳои наҳзатӣ дарёфт.
Дар урфият мегӯянд, ки «вақт довари ҳақ аст» ва бо ошкор шудани ҳадафҳои душманонаву низоъбарангез ва тавҳини беинсофонаи наҳзатиён алайҳи давлату миллат, дигар кушиши мубаллиғони «озодиву истиқлол» - и аъзои он барои мағзшӯии ҷомеа корсоз нест.
Ин охирин гузинае буд, ки гурӯҳи таблиғотии ҲНИТ аз он истифода карда, ахиран, ба вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шуданд. Зеро чун ғаразҳо рӯи об баромад ва эҳсос шуд, ки ҳама манфиатҳо аз ҳисоби душманӣ ба халқи худ рӯи роҳбарияти ҲНИТ ҳисоб мешаванд, ихтилофи назарҳо дар миён афтод. Бархе аъзои ба қавле фаъоли он риёкориҳоро дар мағзу ҷони хеш эҳосос карда, бо изҳори пушаймонӣ аз фазои наҳзатӣ хориҷ шуданд. Чунончи, собиқ раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Талбак Рустамов баъди хориҷ шудан аз сафи ин ташкилоти террористӣ ва баргаштан ба Ватан ба матбуот гуфт, ки «Аксари наҳзатиён аз ибтидо медонистанд, ки роҳи нодурустро интихоб кардаанд, оқибати кор ба хайр нест, аз он бӯи хун, бӯи даҳшат меояд. Лек худро ба кадом як боварии ботиле мутақоид месохтем, ки бояд ҳамааш хуб шавад…».
Ҳамин гуна вокунишҳоро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ зиёд метавон ба мушоҳида гирифт, ки аз зарфият, нақшаву ниятҳои нопоки аъзо ва фирефтагони ҲНИТ ҳикоят мекунанд. Аз ҷумла, Додоҷон Атовуллоев аъмоли носавоби аъзои ҲНИТ - ро дар саҳифаи фейсбукиаш маҳкум карда, бо эҳсоси ба худ хос навиштааст, ки «ҳар қадар бештар бо наҳзатиҳои навруста  шинос мешавам, "амри маъруфи" охунду муллоҳои аз дониш тиҳияшро мешунавам, таҳлилу андарзномаҳои "обсофкунаку" "ностуфкунакҳояшро" мехонам, муҳаббатам ба Ҳукумат бештар мегардад.
Худое накунаду ин нодидаҳо дида шаванд, бе корд, бо нохунҳои ғаждашон ҳамаро пӯст мекананд ва боз чилёсин ҳам меороянд, то соҳибхонаи зиндамонда ба онҳо қурутоб ё фатирмаска омода кунад ва онҳо бичаранд. Ва пасон бод шикаста муҳитро бӯгин месозанд.
Аз он наҳзати аҳди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хасу хошоки зиёде боқӣ мондаасту халос ва як роҳбари кабир, ки бо сиёсати уштурговпалангияш ҳамаро ҷазир карда».
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2018    №: 35    Мутолиа карданд: 340

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед